Фарҳанг
Меҳмонхона
Тарабхона
Бозор
Боғҳо
Нақлиёт
Хизматрасонӣ

Осорхонаи миллии бостонии Тоҷикистон


Осорхонаи миллии бостонии Тоҷикистон яке аз муассисаҳои муҳимми илмию фарҳангии кишвар ба шумор рафта, дар муаррифии таърихи қадим ва тамаддуни бостонии миллати тоҷик нақши калидӣ мебозад. Ин осорхона соли 1996 дар заминаи Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба номи Камолиддин Беҳзод таъсис ёфта, аз соли 2001 фаъолияти мустақили худро ҳамчун Осорхонаи миллии бостонӣ оғоз намудааст. Бо дарназардошти он ки тамоми нигораҳои он аз ашё ва бозёфтҳои бостоншиносӣ иборат мебошад, ба осорхона номи махсуси «бостонӣ» дода шудааст, ки моҳияти фаъолияти илмӣ ва осоршиносии онро пурра ифода менамояд.

Бинои осорхона таърихи нисбатан қадим дошта, соли 1934 бунёд гардидааст. Ин сохтмон намунаи равшани меъмории ҷамъиятии нимаи аввали асри XX буда, бо унсурҳои меъмории классикӣ ва антиқа оро ёфтааст. Бино аз ду ошёна иборат буда, даромадгоҳи асосии он бо сутунҳои баланд зиннат дода шудааст, ки дар пайравӣ ба меъмории давраи антиқа сохта шудаанд. Ин гуна сутунҳо рамзи устуворӣ, бузургӣ ва ҷовидонии фарҳанг маҳсуб меёбанд.

Дар ду ҷониби даромадгоҳи асосӣ муҷассамаҳои шерҳои нишаста ҷойгир карда шудаанд, ки аҳаммияти рамзии амиқ доранд. Шер дар таърихи тоҷикон ва умуман дар тамаддуни ориёӣ рамзи давлатдорӣ, қудрат, шуҷоат ва салтанат ба ҳисоб меравад. Аз давраи Ҳахоманишиён то замони Сомониён тасвири шер дар санъати меъморӣ, кандакорӣ, заргарӣ ва махсусан дар ороиши тахти шоҳон васеъ истифода мешуд. Дар бисёр ҳолатҳо шер ҳамчун муҳофизи рамзии қудрати подшоҳӣ ва рамзи адолат муаррифӣ мегардид. Аз ин рӯ, ҷойгир намудани муҷассамаҳои шер дар даромадгоҳи осорхона баёнгари пайванди ногусастании бино бо таърихи давлатдории тоҷикон ва фарҳанги бостонии миллӣ мебошад.

Намоишгоҳи осорхона бо тартиби солномагӣ ташкил шуда, ошёнаи якум аз давраи асри санг оғоз мегардад. Қадимтарин нигораҳои осорхона олотҳои сангӣ буда, аз маҳалли Кулдара бозёфт шудаанд, ки таърихи беш аз 1 миллион солро доро мебошанд. Ин бозёфтҳо аз қадимтарин нишонаҳои фаъолияти инсон дар Осиёи Миёна маҳсуб ёфта, далолат бар он мекунанд, ки ҳудуди имрӯзаи Тоҷикистон яке аз қадимтарин маконҳои зисти инсон дар минтақа ба ҳисоб меравад.

Дар идомаи намоишгоҳи ошёнаи якум бозёфтҳои нодири давраҳои гуногуни таърихӣ ба маъраз гузошта шудаанд. Аз ҷумла, ашёҳои бостонии Саразм — яке аз нахустин марказҳои шаҳрсозӣ ва тамаддуни кишоварзӣ дар Осиёи Миёна, бозёфтҳои шаҳри қадимаи Душанбе,  Тахти Сангин — маъбади маъруфи давраи эллинистӣ, ҳамчунин ашёҳои нодири Панҷакенти қадим ҷойгоҳи махсус доранд. Ин бозёфтҳо рушди пайвастаи фарҳанг, ҳунармандӣ, меъморӣ ва муносибатҳои иҷтимоии аҳолии қадими сарзамини тоҷиконро инъикос менамоянд.

Зинапояҳои бино, ки аз ду тараф ба ошёнаи дуюм мебаранд, худ як бахши муҳимми намоишгоҳӣ ба ҳисоб мераванд. Онҳо бо ашёҳои нодири таърихӣ, аз ҷумла муҷассамаи “Олиҳаи чордастаи шерсавор” ва меҳроби гилии Ашт оро ёфтаанд.

Намоишгоҳи ошёнаи дуюм асосан ба бозёфтҳои асримиёнагӣ бахшида шуда, нодиртарин нигора низ дар ҳамин ошёна қарор гирифтааст. Аз нодиртарин ва машҳуртарин экспонатҳои осорхона муҷассамаи Буддо дар ҳоли нирвана мебошад, ки ба асрҳои VII–VIII мелодӣ мансуб аст. Ин муҷассама 13 метр дарозӣ дошта, аз гил сохта шудааст. Он калонтарин муҷассамаи Буддо дар Осиёи Марказӣ ва яке аз қадимтарин муҷассамаҳои гилии Буддо дар ҷаҳон ба шумор меравад.

Хазинаи Осорхонаи миллии бостонии Тоҷикистон пайваста ғанӣ мегардад. Ҳамасола тавассути таҳқиқотҳои бостоншиносӣ, ки бо иштироки олимони ватанӣ ва хориҷӣ баргузор мешаванд, бозёфтҳои нав ба хазинаи осорхона ворид карда мешаванд. Имрӯз хазинаи осорхона ҳазорҳо ашёи таърихиро дар бар гирифта, барои таҳқиқоти илмӣ, омӯзишӣ ва шиносоии ҷомеа бо таърихи минтақа хизмат мекунад.