Осорхонаи геологии Тоҷикистон яке аз муҳимтарин марказҳои илмӣ, таълимӣ ва маърифатии кишвар ба шумор рафта, сарватҳои зеризаминӣ, гуногунии геологӣ ва марҳилаҳои ташаккули илми заминшиносии Тоҷикистонро инъикос менамояд. Ин муассиса на танҳо оинаи захираҳои табиии ҷумҳурӣ, балки гувоҳи рушди таҳқиқоти илмии геологӣ дар минтақа мебошад.
Таҳқиқоти илмии геологӣ дар ҳудуди Тоҷикистон аз солҳои 20-уми асри XX оғоз гардида, дар қисмати шимолии ҷумҳурӣ конҳои Нафтобод, Шуроб, Қайроққум ва дигар минтақаҳои маъданхез кашф ва мавриди омузиш қарор гирифтанд. Дар солҳои 30-юми асри XX корҳои геологӣ дар Тоҷикистон рушд ёфта, таҳти роҳбарии заминшиносони маъруфи Шуравӣ, аз ҷумла, Наливкин Д.В., Марковский А.П., Шербаков Д.И., Лихачёв А.П. ва Клунников С.П. нахустин харитаи геологии Тоҷикистон таҳия карда шуд. Дар ҳамин давра тақрибан 300 кони канданиҳои фоиданок ба қайд гирифта шуда, як силсила асарҳои илмӣ вобаста ба сохтори геологӣ, қабатбандии замин (тектоника), қабатшиносӣ (стратиграфия) ва маъданшиносӣ (минералогия)-и ҷумҳурӣ ба табъ расиданд.
Дар заминаи ин пешрафтҳо аввалин муассисаҳои соҳавии илмӣ ташкил ёфтанд. Аз ҷумла, соли 1938 Раёсати геологияи Тоҷикистон таъсис дода шуда, баъдан Донишкадаи геология фаъолияташро оғоз намуд, ки дар рушди илми геологияи тоҷик нақши муҳим бозиданд.
Бо такя ба натиҷаҳои тадқиқоти ҷамъшуда, соли 1947 Осорхонаи геологӣ таъсис ёфт. Аз соли 1970 осорхона дар бинои махсуси худ, ки дар солҳои 1960–1970 мутобиқ ба талаботи илмӣ ва намоишгоҳӣ (экспозитсионӣ) бунёд гардидааст, фаъолияти мунтазамро оғоз намуд. Намоишгоҳ (Экспозитсия)-и осорхона зиёда аз 320 метри мураббаъ масоҳат дошта, дар он беш аз чор ҳазор намунаи маъданҳо, ҷинсҳои кӯҳӣ, сангҳои қиматбаҳо ва ороишӣ, боқимондаҳои ҷонварони қадимаи миллионсола ва дигар нигораҳои нодири геологӣ ҳифз ва ба намоиш гузошта шудаанд.
Мавриди зикр аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз лиҳози захираҳои маъданӣ дар миқёси Осиёи Марказӣ мавқеи намоёнро ишғол менамояд. Дар ҳудуди ҷумҳурӣ конҳои сершумори филизҳои нодир ва ранга, аз ҷумла волфрам, қалъагӣ, симоб, висмут, молибден, сурма ва дигар унсурҳои стратегӣ ошкор гардидаанд. Конҳои волфрам ва симоб асосан дар қаторкӯҳҳои Ҳисор ва Зарафшон, конҳои сурма бештар дар минтақаҳои Тоҷикистони Марказӣ ҷойгир шудаанд. Бо мақсади ошно намудани боздидкунандагон бо паҳншавии ин сарватҳо, дар даромадгоҳи осорхона харитаи геологии Тоҷикистон бо нишон додани канданиҳои фоиданок ба намоиш гузошта шудааст.
Лозим ба зикр аст, ки як бахши муҳимми осорхона ба минералҳои Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар ин ҷо намунаҳои гуногуни минералҳо, аз қабили шпати обшаванда (флюорит), булури куҳӣ, слюда, намакҳои минералӣ ва дигар ҷинсҳои нодир муаррифӣ мегарданд. Дар радифи минералҳо маҷмуаи сангҳои қиматбаҳо ва нимқиматбаҳо, аз ҷумла, лаъли Бадахшон, тилло, берал, корундум, кварс, топаз, турмалин ва флюорит, мақоми хос доранд. Дар миёни онҳо топаз мақоми хос дошта, бо сабаби мустаҳкамӣ, тобоварӣ ва рангҳои гуногуни худ дар заргарӣ ва ороишоти бадеӣ васеъ истифода мешавад. Мавриди зикри хос аст, ки дар миёни ин ҳама сангҳои қимматбаҳо ва канданиҳои фоиданок санге мавҷуд аст, ки таърихи тулонӣ дошта, дар болои он изи пои динозавр боқӣ мондааст. Бо ин хусусият, он яке аз нигораҳои нодири на танҳо Тоҷикистон, балки Осиёи Миёна ба ҳисоб меравад.
Месазад ёдовар шавем, ки дар бахши алоҳидаи осорхона канданиҳои фоиданоке, нишон дода шудаанд, ки бевосита аз ҷониби олимони тоҷик кашф гардидаанд. Мисоли он маъдани тоҷикит мебошад.
Дар давраи Шуравӣ осорхонаи геологӣ ҳамчун яке аз марказҳои калидии омӯзиши канданиҳои фоиданоки ҷумҳурӣ шинохта шуда, дар кашф ва таҳқиқи конҳои тилло, нуқра, сурб, руҳ, ангишт, уран ва дигар манбаъҳои табиӣ саҳми назаррас гузоштааст. Имрӯз низ осорхона яке аз муассисаҳои муҳимми илмӣ-таҳқиқотӣ ва маърифатии минтақаи Осиёи Марказӣ маҳсуб меёбад.
Осорхонаи геологии Тоҷикистон на танҳо макони тамошо, балки маркази муҳимми омузишва таҳқиқоти илмӣ мебошад. Ҳамзамон, осорхона дар тарбияи насли ҷавон, баланд бардоштани маърифати бумзистшиносӣ ва ҳифзи сарватҳои табиии кишвар нақши муҳим мебозад.