Осорхонаи мардумшиносии Тоҷикистон ба номи М.С. Андреев яке аз муассисаҳои муҳимми илмӣ ва фарҳангии кишвар ба шумор рафта, дар заминаи баргузории таҳқиқотҳои этнографии охири асри XIX ва аввали асри XX таъсис ёфтааст. Маҳз, дар ҷараёни ин таҳқиқотҳо аввалин ашёҳои мардумшиносӣ ҷамъоварӣ гардида, пояи омӯзиши илмии фарҳанг, рӯзгор ва анъанаҳои мардуми тоҷик гузошта шуд.
Ҷамъоварии муназзами нигораҳои мардумшиносӣ аз соли 1946 оғоз гардид, ки маҳз ҳамин маҷмуаҳо асоси хазинаи Осорхонаи мардумшиносиро ташкил намуданд. Дар рушди этнография ва гирдоварии ашёҳои мардумшиносӣ саҳми олим ва мардумшиноси маъруф Михаил Степанович Андреев ниҳоят бузург мебошад. Аввалин ашёҳои этнографӣ барои ин осорхона маҳз аз ҷониби ӯ аз миёни мардуми тоҷик ҷамъоварӣ гардидаанд. Бо дарназардошти хизматҳои арзишманди ӯ дар омӯзиши фарҳанги анъанавии тоҷикон, осорхона ба номи М.С. Андреев гузошта шудааст.
Лозим ба ёдоварист, ки нахустин бор соли 1949 Осорхонаи мардумшиносӣ ва бостоншиносӣ дар назди Институти таърих, забон ва адабиёти зерсохтори Академияи илмҳои ИҶШС таъсис ёфта буд. Баъдан, соли 1979 осорхонаи мустақили мардумшиносӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфта, соли 1981 фаъолияти расмии худро оғоз намуд. Соли 2007 осорхона ба бинои ҳозираи худ интиқол ёфта, намоишгоҳи он мутобиқ ба нақшаи мавзуӣ аз нав таҳия гардид. Айни ҳол осорхона дар ошёнаи якуми бино ҷойгир буда, аз ду бахши асосӣ иборат аст.
Бахши якуми осорхона ба таърихи омӯзиши этнографии Тоҷикистон бахшида шуда, дар он марҳилаҳои ташкили аввалин экспедитсияҳои илмӣ, саҳми олимон ва мардумшиносон дар ҷамъоварии ашёҳо, инчунин омӯзиши урфу одат, расму оин, тарзи зиндагӣ ва ҷаҳонбинии анъанавии мардуми тоҷик инъикос ёфтааст.
Бахши дуюми намоишгоҳ ба унсурҳои фарҳанги ғайримоддии миллати тоҷик бахшида шуда, ҷанбаҳои марбут ба либоспушӣ, ҳунарҳои мардумӣ, касбу пешаҳо, эътиқодҳо, маросимҳо ва анъанаҳои маҳаллиро фаро мегирад. Ин бахш бозгукунандаи гуногунрангии фарҳангии минтақаҳои Тоҷикистон мебошад.
Айни замон, таркиби фонди осорхона беш аз 11 ҳазор экспонатро ташкил медиҳад. Маҷмӯаи осорхона аз маҷмуаҳои зарфҳои сафолӣ, намунаҳои гулдузӣ, адрасу атлас, ҷавоҳироти суннатии занони тоҷик, зарфҳо, ашёи рӯзгор ва дигар унсурҳои фарҳангӣ иборат аст. Дар экспозитсия анъанаҳо ва хусусияти либоспӯшӣ, тарзи истифодаи ҷавоҳирот ва ҷузъиёти зебоипарастии мардуми Суғд, Хатлон ва Бадахшон тавассути ашёҳои аслӣ ба таври равшан инъикос ёфтаанд, ки фарҳанги бою ғании миллати тоҷикро инъикос менамоянд.
Дар миёни ашёҳои нодири осорхона пораи матои қадимаи гулдузишуда мавқеи махсус дорад. Ин бозёфт дар солҳои 80-уми асри гузашта ҳангоми экспедитсияи илмӣ таҳти роҳбарии бостоншиноси тоҷик Х. Муҳидинов аз ёдгории Иттифоқи ноҳияи Фархор дарёфт шудааст. Таҳқиқоти илмӣ собит намуданд, ки ин матоъпора таърихи беш аз ду ҳазор сол дошта, қадимтарин намунаи санъати гулдузӣ дар ҳудуди ҷумҳурӣ ва минтақа маҳсуб меёбад. Маҳз, бо ҳамин сабаб он ҳамчун нодиртарин ва арзишмандтарин нигораи Осорхонаи мардумшиносӣ эътироф гардидааст.
Осорхонаи мардумшиносӣ ба номи М.С. Андреев имрӯз на танҳо макони нигоҳдории ёдгориҳои моддӣ, балки маркази муҳимми омӯзиши ҳувияти миллӣ, фарҳанги суннатӣ ва тарбияи маърифати таърихию фарҳангии ҷомеа мебошад.