Фарҳанг
Меҳмонхона
Тарабхона
Бозор
Боғҳо
Нақлиёт
Хизматрасонӣ

Хона-осорхонаи адабии Мирзо Турсунзода


Осорхонаи Мирзо Турсунзода яке аз мавзеъҳои муҳимми фарҳангӣ ва адабии шаҳри Душанбе ба шумор рафта, ба ҳаёт, ҷаҳонбинӣ ва мероси эҷодии Шоири халқии Тоҷикистон, Қаҳрамони Тоҷикистон — Мирзо Турсунзода бахшида шудааст. Ин осорхона на танҳо макони ҳифзи ашё ва дастовардҳои шахсии шоир аст, балки ҳамчун маркази муҳимми омузиш ва таблиғи адабиёти муосири тоҷик низ нақши муассир дорад.

Мирзо Турсунзода соли 1911 дар деҳаи Қаратоғи ноҳияи Ҳисор ба дунё омада, яке аз чеҳраҳои барҷастаи адабиёт ва фарҳанги тоҷик дар асри ХХ ба ҳисоб меравад. Ӯ дар давраи мураккаби таърихии замони Шуравӣ зиндагӣ ва фаъолият намуда, бо эҷодиёти худ дар ташаккули афкори ҷамъиятӣ вобаста ба тарғиби ғояҳои сулҳҷуӣ, дӯстии халқҳо ва инсондӯстӣ саҳми арзанда гузоштааст. Турсунзода на танҳо шоир, балки арбоби фаъоли ҷамъиятӣ ва сиёсӣ буд, ки фаъолияти ӯ дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ эътироф гардидааст.

Мирзо Турсунзода аз соли 1946 то охири умр вазифаи раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистонро ба уҳда дошт. Дар ин мақом ӯ барои рушди адабиёти муосири тоҷик, дастгирии адибони ҷавон ва таҳкими робитаҳои адабӣ бо халқҳои дигар хизматҳои бузург анҷом дод. Эҷодиёти ӯ бо мазмуни баланд, забони равон ва ғояҳои умумиинсонӣ фарқ мекунад. Дар маркази ашъори ӯ инсон, Ватан, модар, сулҳ, дӯстӣ ва ахлоқи ҳамида қарор доранд. Асарҳои машҳури ӯ, аз қабили «Ҳасани аробакаш», «Қиссаи Ҳиндустон», «Суруди сулҳ», «Осиё», «Ман аз Шарқи озод» ва даҳҳо шеъру достонҳои дигар, на танҳо дар Тоҷикистон, балки берун аз марзҳои кишвар низ шуҳрат ёфтаанд.

Яке аз хизматҳои бузурги Мирзо Турсунзода дар таҳким ва таблиғи робитаҳои дӯстии халқҳои ҷаҳон зоҳир мегардад. Ӯ солҳои тулонӣ намояндаи Иттиҳоди Шуравӣ дар созмонҳои байналмилалӣ буда, ҳамзамон вазифаи Раиси Кумитаи Иттиҳоди ҳамдилӣ бо кишварҳои Осиё ва Африқоро иҷро мекард. Сафарҳои сершумори ӯ ба кишварҳои хориҷӣ ва мулоқот бо намояндагони фарҳанг ва адабиёти ҷаҳон боис гардиданд, ки номи Тоҷикистон ва адабиёти тоҷик дар арсаи байналмилалӣ бештар муаррифӣ гардад.

Қайд кардан ба маврид аст, ки соли 1981 хонаи истиқоматии Мирзо Турсунзода ба осорхона табдил дода шудааст. Шоир аз соли 1945 то охири умр дар ҳамин хона зиндагӣ ва эҷод кардааст. Ин бино бо табъи нозук, ҷаҳонбинии фарох ва завқи баланди адабии Турсунзода мутобиқ сохта шуда, муҳити эҷодии хоси худро дорад. Хонаву ҳавлии мазкур дар тули солҳои зиёд макони ҷамъомадҳои аҳли адаб, нишастҳои фарҳангӣ ва мулоқоти зиёиёни машҳури кишвар ба ҳисоб мерафт.

Дар ҳавлии осорхона айвон ва ҳавзи об ҷойгир буда, маҳз дар ҳамин айвон Мирзо Турсунзода ҳамроҳи дигар шоирон ва адибон шабҳои шеър баргузор мекард.
Бахши аввали осорхона аз ҳуҷраҳои истиқоматии шоир, аз ҷумла хонаи хоб, меҳмонхона ва дигар ҳуҷраҳо иборат аст. Дар ин ҷойҳо либосҳои шахсии Турсунзода, рахти хоб, ҷиҳози маишӣ ва бархе аз туҳфаҳои расмӣ ва хотиравие, ки шоир дар давоми фаъолияти худ гирифтааст, ҳифз ва ба тамошобинон муаррифӣ мешаванд. Ин ашёҳо зиндагии ҳаррӯза ва шахсияти инсонии шоирро бозгу мекунанд.

Бахши дигари осорхона бештар хусусияти илмӣ ва адабӣ дошта, дар он дастнависҳо, нусхаҳои аслии китобҳо, аксҳо, мукотибаҳо, туҳфаҳои адабӣ ва дигар нигораҳое, ки бо ҳаёт ва эҷодиёти Мирзо Турсунзода иртибот доранд, нигоҳдорӣ мешаванд. Аз ҷумла, дар ҳавлии осорхона дарахте мавҷуд аст, ки онро худи Мирзо Турсунзода соли 1946 шинондааст ва имрӯз ҳамчун рамзи пайванди зиндаи шоир бо ин макон эҳтиром мешавад.

Имрӯз Осорхонаи Мирзо Турсунзода на танҳо макони посдошти ёди шоири бузург аст, балки ҳамчун маркази муҳимми омӯзиш, таҳқиқ ва тарғиби адабиёти муосири тоҷик фаъолият мекунад. Ин осорхона барои наслҳои имрӯзу фардо ҳамчун мактаби сулҳ, инсондӯстӣ ва ифтихори миллӣ хизмат менамояд.