Фарҳанг
Меҳмонхона
Тарабхона
Бозор
Боғҳо
Нақлиёт
Хизматрасонӣ

Хона-осорхонаи адабии Садриддин Айнӣ


Хона-осорхонаи Садриддин Айнӣ яке аз муҳимтарин мавзеъҳои таърихӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Ин осорхона соли 1978 ба ифтихори 100-солагии муҳаққиқ, нависанда, мутафаккир ва поягузори адабиёти муосири тоҷик — устод Садриддин Айнӣ ифтитоҳ ёфтааст. Осорхона ҳамчун макони гиромидошти ҳаёт, фаъолияти илмию адабӣ ва хизматҳои бузурги ин абармарди фарҳанг ба миллат ва давлатдорӣ хизмат мекунад.

Мавриди зикр аст,  ки Садриддин Айнӣ соли 1878 дар Аморати Бухоро ба дунё омада, то соли 1920 дар Бухоро зиндагӣ ва фаъолият кардааст. Давраи зиндагии ӯ дар Бухоро бо шароити мураккаби иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангии замон рост меояд. Дар ҳамин давра устод Айнӣ ҳамчун яке аз намояндагон ва роҳбарони фаъоли ҷараёни ҷадидия шинохта мешавад. Ҷараёни ҷадидия, ки реша дар андешаҳои маорифпарваронаи Аҳмади Дониш дошт, дар ибтидои асри ХХ ба як ҳаракати иҷтимоӣ ва сиёсӣ мубаддал гардида, бар зидди ҷаҳолат, зулм ва истибдоди ҳукумати аморати Бухоро равона шуда буд. Ин ҳаракат ғояҳои равшанфикрӣ, маорифпарварӣ, адолати иҷтимоӣ ва бедории миллиро таблиғ менамуд.

Нақши Садриддин Айнӣ дар ин ҷараён бисёр муассир буд. Ӯ тавассути эҷодиёти адабӣ, мақолаҳо ва фаъолияти ҷамъиятии худ ба ташаккули ғояҳои инсондӯстӣ, рафоқат, эҳтиром ба илму дониш ва худшиносии миллӣ мусоидат намуд. Маҳз, аз ҳамин давра фаъолияти ӯ ҳамчун нависанда ва мутафаккир оғоз гардида, минбаъд дар таъсис ва таҳкими пояҳои Тоҷикистони Шуравӣ саҳми арзанда мегузорад.

Соли 1920 Садриддин Айнӣ ба шаҳри Самарқанд кучида, зиндагӣ ва фаъолияти худро дар Самарқанд ва баъдан, дар Душанбе идома медиҳад. Дар ин марҳила ӯ дар баробари иҷрои корҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ дар рушди илму фарҳанг ва ташаккули адабиёти муосири тоҷик нақши калидӣ мебозад. Аз ҷумла, асарҳои машҳури ӯ чун «Намунаи адабиёти тоҷик», «Таърихи амирони манғит», «Қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик», «Исёни Муқаннаъ», «Марги судхур», «Мактаби куҳна», «Одина» ва амсоли ин, аз муҳимтарин дастовардҳои адабиётшиносӣ ва насри воқеъгароёна тоҷик ба шумор мераванд. Дар ин асарҳо Айнӣ намояндагони барҷастаи адабиёти классикӣ, воқеаҳои муҳимми таърихӣ, муборизаи мардум барои адолат ва озодӣ, инчунин ҳаёти иҷтимоии халқи тоҷикро бо забони равон ва сабки воқеъбинона инъикос намудааст.

Садриддин Айнӣ аввалин Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон буда, аз соли 1951 то охири умр ин масъулияти баландро бар уҳда дошт.
Садриддин Айнӣ солҳои 1951-1954 шаҳри Душанберо маҳалли иқомати худ интихоб намуда, дар ҳамин хона зиндагӣ ва эҷод кардааст, ки ин бино имрӯз ба сифати хона-осорхона фаъолият мекунад. Осорхонаи Садриддин Айнӣ аз панҷ ҳуҷра иборат буда, ҳар як ҳуҷра ба давраҳои гуногуни ҳаёт ва фаъолияти эҷодии устод бахшида шудааст.

Дар ҳуҷраи аввал мавод ва ашёҳои марбут ба ҳаёт ва фаъолияти Садриддин Айнӣ то давраи инқилоб муаррифӣ мешаванд. Аз муҳимтарин нигораҳои ин бахш-хома ва рангдон мебошанд, ки падари нависанда соли 1886 ба Айнии наврас ҳадя карда буд. Ин ашёҳо рамзи оғози роҳи эҷодӣ ва меҳри устод ба илму адаб маҳсуб меёбанд.
Дар ҳуҷраи дуюм ҷоизаҳо, унвонҳо, дипломи доктори илм ва нусхаи асари машҳури ӯ «Намунаи адабиёти тоҷик» нигоҳдорӣ мешаванд, ки мақоми баланди илмӣ ва адабии ӯро инъикос мекунанд. Ҳуҷраи сеюм бошад, ашёҳои шахсии устод — асо, либос, соат, корд ва дигар анҷомҳои рӯзгорро дар бар мегирад, ки симои инсонии Айнӣ ва зиндагии содаи ӯро бозгӯ мекунанд.

Мавриди зикри хос аст, ки маҳалли сохтмони ин хона аз ҷониби худи устод Садриддин Айнӣ интихоб шудааст. Ин амр ба арзиши таърихӣ ва фарҳангии осорхона аҳаммияти иловагӣ бахшида, робитаи мустақими ин маконро бо шахсияти устод тақвият медиҳад.

Имрӯз Хона-осорхонаи Садриддин Айнӣ на танҳо макони ҳифзу нигаҳдории ёдгориҳои нодири таърихӣ ва адабӣ мебошад, балки ҷузъи ҷудонашавандаи фарҳанги миллии Тоҷикистон ба шумор меравад. Ин осорхона ҳаёт ва эҷодиёти яке аз фарзандони бузурги миллати тоҷикро зинда нигоҳ дошта, барои наслҳои имрӯз ва фардо ҳамчун мактаби худшиносӣ, маърифат ва ватандӯстӣ хизмат мекунад.