Консерти Идона ба муносибати Ҷашни Истиқлоли давлатӣ

 07/09/2025, 18:00   Сиёма Молл

Ба муносибати Ҷашни Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 7 сентябр, соати 18:00 дар таваққуфгоҳи Маркази савдои «Сиёма Молл» консерти идона баргузор мегардад.

Дар саҳна сарояндаҳои шинохта Зулайхо Маҳмадшоева, Дилшоди Файзулло, Чаҳонгир Зарипов, Карлеон, ва ҳамчунин гурӯҳи нотакрори Иқбол ҳунарнамоӣ мекунанд.

Барои меҳмонон фуд-зона бо навъҳои гуногуни таом ва минтақаи бозӣ барои кӯдакон омода мегардад.

Даромад ба консерт комилан ройгон аст.