Форуми байналмилалии сармоягузорӣ дар бахши сайёҳӣ

 16/09/2025, 09:00   Душанбе

Дар шаҳри Душанбе аз 16 то 18 сентябр Форуми сармоягузорӣ дар соҳаи сайёҳӣ баргузор мегардад.

Ҳадафи форум — ҷалби сармоягузории хориҷӣ, муаррифии иқтидори табиӣ, фарҳангӣ ва табобатию солимгардонии Тоҷикистон, инчунин рушди ҳамкории байналмилалӣ дар бахши сайёҳӣ мебошад.

Дар чорабинӣ намояндагони мақомоти давлатӣ, ширкатҳои сайёҳии ватаниву хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ иштирок хоҳанд кард.