Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва дастгирии Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Ширкати сайёҳии «Сомон Трэвел» ва дигар шарикони рушд бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ аз 24 то 26 сентябри соли 2026 дар Маркази "Dushanbe Expo" сеюмин "Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе" (Dushanbe International Tourism Exhibition - DITE) доир карда мешавад.