Баррасии омодагӣ ба Фестивали байналмилалии сайёҳии «Наврӯз – мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ – 2026»

06/02/2026

Имрӯз, 6 феврал дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ вобаста ба баргузории Фестивали байналмилалии сайёҳии «Наврӯз – мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ – 2026 доир карда шуд.

Фестивал дар асоси Нақшаи чорабиниҳо, ки бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2026, №952 «Дар бораи ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026» ва ҷадвали «Тақвими чорабиниҳои Иди байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе барои соли 2026», ки бо қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 26 январи соли 2026, №63 тасдиқ гардидааст, бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Кумитаи рушди сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир карда мешавад.

Дар ҷаласа муовини Сарвазири мамлакат Дилрабо Мансурӣ, роҳбарияти Кумитаи рушди сайёҳӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, намояндагони вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои кишвар ва дигар масъулин иштирок намуданд.

Зимни ҷаласа масъалаҳои марбут ба омодагӣ ва баргузории Фестивали байналмилалии сайёҳии «Наврӯз – мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ – 2026», аз ҷумла таҳияи барномаи фарҳангӣ, ҷалби сайёҳони хориҷӣ, муаррифии имкониятҳои сайёҳии мамлакат, таъмини ҳамоҳангии фаъолияти ниҳодҳои масъул ва истифодаи самараноки инфрасохтори сайёҳӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Таъкид гардид, ки баргузории ин фестивал дар рушди сайёҳии дохилӣ ва байналмилалӣ, муаррифии арзишҳои фарҳангиву таърихии халқи тоҷик, инчунин таҳкими мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари дорои имкониятҳои васеи сайёҳӣ нақши муҳим хоҳад гузошт.

Дар ҷаласа Кумитаи рушди сайёҳӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе вазифадор карда шуданд, ки бо истифода аз «Тақвими чорабиниҳои Иди байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе барои соли 2026» бастаҳои сайёҳӣ таҳия намуда, ба фурӯш бароранд ва ҷиҳати ҷалби бештари сайёҳони хориҷӣ ба кишвар тадбирандешӣ намоянд.

Ба масъулин инчунин ҷиҳати иҷрои саривақтии нақшаи чорабиниҳо, таъмини сатҳи баланди ташкиливу хизматрасонӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои меҳмонону иштирокчиёни фестивал дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд.

Дар фарҷом иштирокчиён омодагии худро барои ҳамкории зич ва саҳмгузорӣ дар баргузории бомуваффақияти Фестивали байналмилалии сайёҳии «Наврӯз – мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ – 2026» иброз намуданд.

Ёдовар мешавем, ки дар асоси ин тақвим дар рӯзҳои баргузории Иди байналмилалии Наврӯз дар пойтахти мамлакат якчанд чорабинӣ, аз ҷумла Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ», маросими истиқболи Иди байналмилалии Наврӯз аз баландтарин мавзеи шаҳри Душанбе, консерти идона бахшида ба таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз, Фестивали байналмилалии сайёҳии “Наврӯз – мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ”, Фестивали «Таомҳои миллӣ», Фестивали «Бозиҳои варзишии наврӯзӣ», барномаҳои фарҳангӣ дар ноҳияҳои пойтахт бахшида ба таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз, Фестивали дӯстии ҷавонони пойтахт таҳти унвони «Ҷавонон – пайравони Пешвои миллат ва меросдори анъанаҳои наврӯзӣ», Мусобиқаи гӯштини миллии «Гӯштингирӣ» ва ғайра баргузор карда мешаванд.

Хоҳишмандон метавонанд, видеороликҳои тарғиботии чорабиниҳои наврӯзиро, ки бо сифати баланд дар саҳифаҳои расмии шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар Фейсбук (Dushanbe-travel), Инстаграм (dushanbe.travel), Телеграмм (dushanbe.travel) ва Tik Tok (dushanbe.travel) боргирӣ намоянд.

«Тақвими чорабиниҳои Иди байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе барои соли 2026» бо мақсади рушду тавсеаи соҳаи сайёҳӣ, ташаккул ва муаррифии бренди миллии сайёҳӣ, пешбурди маҳсулоти сайёҳӣ, ҳифз, инкишоф, истифодаи оқилонаи захираҳои табиию реакреатсионӣ ва мероси таърихию фарҳангии мамлакат, бахусус шаҳри Душанбе таҳия ва тасдиқ карда шудааст.

Бояд тазаккур дод, ки ҳамасола дар қаламрави Тоҷикистон, бахусус пойтахти он – шаҳри Душанбе бо иқдоми созандаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ Иди байналмилалии Наврӯз дар сатҳи баланд ва бошукуҳ таҷлил гардида, дар доираи он чорабиниҳои мухталифи фарҳангию фароғатӣ, илмию амалӣ ва оммавию варзишӣ бо шаҳомати хосса баргузор мегарданд, ки ин ҳама иқтидори фарҳангии пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанберо бо шаҳрҳои бузурги олам ҳамоҳанг намудааст.

06/02/2026