Имрӯз дар Муассисаи давлатии «Боғи Ирам»-и пойтахт бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фестивали байналмилалии «Наврӯз – мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» дар фазои тантанавӣ ва идона баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ, роҳбарони вазорату идораҳо, намояндагони корпусҳои дипломатии муқими кишвар, созмону ташкилотҳои байналмилалӣ, муҳаққиқону коршиносон, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, инчунин шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ, ҳунармандони мардумӣ, воситаҳои ахбори омма ва як зумра меҳмонону блогерони хориҷӣ фаъолона иштирок намуданд.
Фестивал бо ҳадафи муаррифии арзишҳои фарҳангӣ, ҳифзу эҳёи анъанаҳои миллӣ ва рушди соҳаи сайёҳӣ доир гардида, ба як майдони густурдаи муаррифии фарҳанги ғании тоҷикон табдил ёфт. Дар доираи он гӯшаҳои намоишии шаҳру ноҳияҳои кишвар ташкил карда шуда, дар онҳо намунаҳои ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили кандакорӣ, заргарӣ, атласу адрасбофӣ, кулолгарӣ ва дигар ҳунарҳои суннатӣ ба маърази тамошо гузошта шуданд.
Ҳамзамон иштирокчиён ва меҳмонон имконият пайдо карданд, ки бо ойинҳои наврӯзӣ, расму суннатҳои қадима, бозиҳои миллии варзишӣ ва либосҳои миллии минтақаҳои гуногуни кишвар аз наздик шинос шаванд.
Қисмати муҳими чорабиниро баргузории Фестивали таомҳои миллӣ ташкил дод, ки дар он беҳтарин намунаҳои таомҳои анъанавии тоҷикӣ, аз ҷумла суманак, оши палав, кулчаҳои идона ва дигар хӯрокҳои миллӣ пешниҳоди меҳмонон гардонида шуданд. Ин бахш ба муаррифии фарҳанги хӯрокпазии миллӣ ва ҷалби таваҷҷуҳи сайёҳон мусоидат намуд.
Барномаҳои фарҳангӣ бо иштироки ҳунармандони шинохта ва дастаҳои эҷодӣ фазои идонаро боз ҳам рангинтар намуданд.
Ёдовар мешавем, ки фестивал дар асоси Нақшаи чорабиниҳо, ки бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2026, №952 «Дар бораи ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026» ва ҷадвали «Тақвими чорабиниҳои Иди байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе барои соли 2026», ки бо қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 26 январи соли 2026, №63 тасдиқ гардидааст, доир карда шуд.