Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»

18/03/2026

Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе 17 марти соли 2026 бо мақсади ба таҳкими робитаҳои фарҳангӣ, рушди сайёҳӣ ва муаррифии арзишҳои Наврӯз дар арсаи байналмилалӣ Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид.

Дар форум муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ, муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Бахтиёр Шарифӣ, Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷумахонзода, роҳбарияти вазорату идораҳо, намояндагони корпуси дипломатӣ, меҳмонони хориҷӣ, коршиносону муҳаққиқон, роҳбарони ширкатҳои сайёҳӣ, намояндагони воситаҳои ахбори омма ва блогерони дохиливу хориҷӣ иштирок намуданд.

Муовини Сарвазири кишвар Дилрабо Мансурӣ таъкид намуд, ки шаҳри Душанбе имрӯз ҳамчун маркази Наврӯзи ҷаҳонӣ бо қабои идона меҳмононро истиқбол гирифта, баргузории чунин ҳамоишҳои байналмилалӣ ба таҳкими робитаҳои фарҳангиву сайёҳӣ ва муаррифии арзишҳои миллии тоҷикон мусоидат менамояд.

Иброз гардид, ки солҳои охир пойтахт дар партави сиёсати хирадмандонаи Роҳбарияти олии кишвар ба марҳилаи нави рушду шукуфоӣ ворид гардида, бо бунёди инфрасохтори муосир, кохҳои фарҳангӣ, боғу гулгаштҳо ва муҳайё сохтани шароити мусоид барои сайёҳон ба яке аз шаҳрҳои ҷолиби сайёҳӣ табдил ёфтааст.

Ҳамзамон таъкид карда шуд, ки ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон, аз ҷумла ҷаҳонӣ гардидани ҷашни Наврӯз ва пешниҳоди таъсиси «Маркази байналмилалии Наврӯз» барои ҳифз ва тарғиби арзишҳои фарҳангии ниёгон аҳамияти бузург доранд.

Дилрабо Мансурӣ инчунин изҳор дошт, ки Форуми мазкур ҳамчун минбари муҳими муколама барои кишварҳои ҳавзаи Наврӯз хизмат намуда, ба густариши робитаҳои дӯстона, табодули таҷриба ва ҷалби сайёҳон ба Тоҷикистон мусоидат мекунад.

Муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Бахтиёр Шарифӣ иброз дошт, ки Форуми байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» дар айёми таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз баргузор гардида, ба як платформаи муҳими муколамаи фарҳангҳо ва таҳкими ҳамкории байналмилалӣ табдил ёфтааст.

Таъкид гардид, ки бо дастгирии Роҳбарияти олии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди соҳаи сайёҳӣ ба самти афзалиятнок табдил ёфта, дар ин замина дар пойтахт корҳои васеи ободониву созандагӣ амалӣ карда шудаанд. Аз ҷумла, бунёди инфрасохтори муосир, марказҳои фарҳангиву фароғатӣ, меҳмонхонаҳо ва боғу гулгаштҳо барои ҷалби сайёҳон ва фароҳам овардани шароити мусоид мусоидат намудаанд.

Ба гуфтаи Бахтиёр Шарифӣ, имрӯз Душанбе бо симои нав ва фазои мусоиди фарҳангӣ тадриҷан ба яке аз марказҳои ҷолиби сайёҳӣ ва баргузории чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ табдил ёфта, имкониятҳои васеъ барои муаррифии фарҳанг ва мероси бойи тоҷикон фароҳам овардааст.

Тавре иброз гардид, форум, ки имсол бори панҷум баргузор мегардад, дар тӯли фаъолияти худ тавонистааст намояндагони доираҳои гуногунро аз кишварҳои мухталиф ба ҳам оварад ва барои баррасии масъалаҳои муҳими рушди сайёҳии фарҳангӣ, ҳифзи мероси таърихиву фарҳангӣ ва ҷалби сайёҳон шароити мусоид фароҳам оварад.

Изҳори итминон карда шуд, ки натиҷаҳои форум ба таҳкими робитаҳои фарҳангиву сайёҳӣ, ҷалби бештари сайёҳон ба шаҳри Душанбе ва муаррифии имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мусоидат хоҳанд кард.

Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Ҷамшед Ҷумахонзода таъкид намуд, ки баргузории чунин форумҳо имкониятҳои нави рушди сайёҳии фарҳангиро фароҳам оварда, барои ҷалби бештари сайёҳони хориҷӣ ба Тоҷикистон заминаи мусоид мегузорад. Ҳамчунин иброз гардид, ки Наврӯз ҳамчун бренди муҳими сайёҳӣ метавонад дар муаррифии бештари кишвар дар арсаи байналмилалӣ нақши калидӣ бозад.

Зимни форум инчунин иштирокдорон вобаста ба мавзуъҳои «Наврӯз - меросбари суннатҳои миллӣ», «Аз оинҳои мардумӣ то рушди сайёҳӣ», «Ҷаҳонишавии ҷашни байналмилалии Наврӯз», «Аз таърихи Наврӯзи байналмилалӣ», «Эмомалӣ Раҳмон эҳёгари Наврӯзи бостон», «Нақши ташаккули зерсохторҳои муосири сайёҳии пойтахт дар рушди иқтисоди Тоҷикистон», «Наврӯз – ҷашни дӯстию рафоқат», «Наврӯз ҳамчун омили рушди робитаҳои фарҳангӣ ва сайёҳӣ» маърузаҳо пешниҳод намуданд.

Дар фарҷом Баёнияи Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» қабул гардид.

Баъд аз анҷоми форум барои иштирокчиён дар шаҳри Душанбе хатсайри сайёҳӣ ташкил гардида, мавзеъҳои фарҳангию сайёҳии пойтахтро тамошо намуданд.

18/03/2026