Ташкили хатсайри махсуси сайёҳӣ барои кӯдакони ятим

20/04/2026

Ба муносибати Рӯзи пойтахт бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои тарбиятгирандагони Мактаб-интернати №1 - кӯдакони ятим хатсайри махсуси сайёҳӣ ташкил гардид.

Дар доираи ин иқдом кӯдакон бо имкониятҳои сайёҳии пойтахт шинос шуда, аз мавзеъҳои ҷолиби шаҳр боздид намуданд. Ҳамчунин онҳо дар маркази савдою фароғатии Сиёма Молл лаҳзаҳои хотирмонро сипарӣ намуда, аз барномаи фароғатию истироҳатӣ баҳра бардоштанд.

Ташкили чунин чорабиниҳо дар баробари фароҳам овардани имкониятҳои фароғатӣ, инчунин ба таҳкими эҳсоси ғамхорӣ, таваҷҷуҳ ва дастгирии иҷтимоӣ мусоидат менамояд. 

20/04/2026