Дар Муассисаи давлатии «Майдони Истиқлол» бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе аз 15 то 19 апрел намоиши аксҳои Душанбе баргузор гардид.
Дар намоиш зиёда аз 100 акси беҳтарин аз манзараҳои зебо, мавзеъҳои таърихиву фарҳангӣ ва имкониятҳои сайёҳии пойтахт, ки дар саҳифаҳои шуъбаи рушди сайёҳӣ дар шабакаҳои иҷтимоии Фейсбук (Dushanbe-travel), Инстаграм (dushanbe.travel), ВКонтакте (Dushanbe.travel), Тридс (dushanbe.travel), Тик-Ток (dushanbe.travel) ва Телеграмм (dushanbe.travel) мунтазам инъикос карда мешаванд, ба маъраз гузошта шудаанд.
Аксҳо аз ҷониби аксбардори маъруфи кишвар Дидор Садуллоев омода гардида, дар онҳо дастовардҳои солҳои охири рушди шаҳри Душанберо, ки бо заҳмату талошҳои Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтрам Рустами Эмомалӣ ба даст омадаанд, инъикос карда шуданд.