Намоиши аксҳои Душанбе бахшида ба Рӯзи пойтахт

17/04/2026

Имрӯз дар Муассисаи давлатии «Майдони Истиқлол» бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе, ки ҳамасола шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, Намоиши аксҳои Душанбе оғоз гардид.

Намоиши мазкур то 19 апрели соли равон идома ёфта, ҳадафи асосии он муаррифии имконияту зарфиятҳои сайёҳии шаҳри Душанбе, тарғиби дастовардҳои шаҳрдорӣ ва ҷалби бештари сайёҳони дохилию хориҷӣ мебошад.

Дар намоиш зиёда аз 100 акси беҳтарин аз манзараҳои зебо, мавзеъҳои таърихиву фарҳангӣ ва имкониятҳои сайёҳии пойтахт, ки дар саҳифаҳои шуъбаи рушди сайёҳӣ дар шабакаҳои иҷтимоии Фейсбук (Dushanbe-travel), Инстаграм (dushanbe.travel), ВКонтакте (Dushanbe.travel), Тридс (dushanbe.travel), Тик-Ток (dushanbe.travel) ва Телеграмм (dushanbe.travel) мунтазам инъикос карда мешаванд, ба маъраз гузошта шудаанд.

Аксҳо аз ҷониби аксбардори маъруфи кишвар Дидор Саъдуллоев омода гардида, дастовардҳои солҳои охири рушди шаҳри Душанберо, ки бо заҳмату талошҳои Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтрам Рустами Эмомалӣ ба даст омадаанд, инъикос менамоянд.

Чорабинии ифтитоҳӣ дар фазои тантанавӣ бо иштироки намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, намояндагони мақомоти давлатӣ, кормандони соҳаҳои гуногун, сокинону фаъолони пойтахт, донишҷӯёну хонандагон, намояндагони воситаҳои ахбори омма ва блогерон баргузор гардид.

Зимни ифтитоҳи чорабинӣ таъкид гардид, ки шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахти мамлакат дар солҳои охир бо талошҳои Роҳбарияти олии кишвар, аз ҷумла таҳти роҳнамоии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо ибтикороти Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтрам Рустами Эмомалӣ ба маркази муҳими сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва сайёҳӣ табдил ёфтааст.

Зикр карда шуд, ки дастовардҳои назарраси пойтахт самараи Истиқлоли давлатӣ, Ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботи пойдор буда, барои рушди минбаъдаи кишвар заминаи мусоид фароҳам овардаанд.

Дар фарҷоми чорабинӣ меҳмонон ва иштирокчиён ба тамошои дастҷамъонаи Намоиши аксҳои Душанбе даъват карда шуданд.

Зимни намоиш аз ҷониби роҳбаладон аксҳои ба намоиш гузошта, ки дар онҳо манзараҳои дилфиреб, мавзеъҳои сайёҳӣ ва таърихии пойтахт инъикос шудаанд, муаррифӣ гардиданд.

Дар доираи чорабинӣ иштирокчиён инчунин аз Осорхонаи таърихии Душанбе, воқеъ дар Маҷмааи «Истиқлол» боздид намуданд.

17/04/2026