Имрӯз дар боғи фарҳангию фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ дар шаҳри Душанбе, ҷашни Наврӯзии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо шаҳомат ва шукуҳи хос таҷлил карда шуд.
Дар чорабинӣ роҳбарони вазорату кумитаҳо, муассисаҳои таҳсилоти олӣ, сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи Раиси шаҳр, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва дигарон ширкат доштанд.
Баъд аз тамошои намоиши ҳунарҳои мардумӣ, хони наврӯзӣ ва бозиҳои миллӣ, ки аз ҷониби зерсохторҳои ҳукумати шаҳри Душанбе дар сатҳи хеле олӣ ташкил карда буданд, муовини раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар паёми шодбошии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро ба сокинон ва аҳли нишаст расониданд.
Сипас дар руҳияи тантанавӣ ба фаъолони чорабиниҳои наврӯзӣ ва ҳамчунин ғолибони озмуни беҳтарин боғ, гулгашт, хиёбон, композитсия ва гулпарвар дар шаҳри Душанбе ифтихорнома, туҳфаҳои хотиравӣ ва пулӣ аз ҷониби муовинони шаҳр - Раҳимзода Толиб, Фақерзода Рустам ва Одилзода Дилбар тақдим карда шуданд.
Чорабинии рангини фарҳангӣ бо иштироки сарояндаҳои саршиноси кишвар ба чорабинӣ фазои хоса бахшид.