4 апрел дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Душанбе чорабинии фарҳангӣ — фароғатии «Dushanbe Navruz Fest» баргузор гардид.
Ҳадафи баргузории фестивал фароҳам овардани фазои идона ва шароити мусоид барои истироҳату фароғати сокинони пойтахт, меҳмонон ва сайёҳон, инчунин муаррифии шаҳри Душанбе ҳамчун маркази муосири фарҳангӣ ва дорои имкониятҳои васеи сайёҳӣ буда, ба ҷалби бештари сайёҳони хориҷӣ, густариши фарҳанги меҳмондорӣ ва тарғиби суннату анъанаҳои миллӣ нигаронида шуд.
Чорабинӣ бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Бозоршинос» баргузор карда шуда, ҳамоҳангсозии фестивалро шуъбаи рушди сайёҳии пойтахт бар зимма дошт.
Барномаи фестивал силсила чорабиниҳои фарҳангӣ ва фароғатиро дар бар гирифта, барои ҳамаи синну сол ва завқҳои мухталиф тарҳрезӣ шуда буд. Шоу-консерти идона бо иштироки сарояндагони маъруфи ватанӣ ва ҳунармандони хориҷӣ баргузор шуда, бо иҷрои сурудҳои анъанавӣ ва муосир, рақсу намоишҳои саҳнавӣ ва саҳнаҳои визуалӣ муҳити идонаро барои иштирокчиён фароҳам овард ва ҳунару фарҳанги миллиро бо тарзи дилнишин намоиш дод.
Ҳамзамон намоиш ва фурӯши маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ ташкил карда шуд, ки ҳунармандон бо маҳорати баланди худ анвои маҳсулоти дастӣ, аз қабили кулолгарӣ, қолинбофӣ, маснуоти нуқрагин ва наққошиҳои миллӣ ва муосирро муаррифӣ карданд ва ба меҳмонон имконият доданд, ки бо анъанаҳои ниёгон шинос шаванд ва хотираҳои нодир ба даст оранд.
Ғайр аз ин, таомҳои миллию хӯришҳои гуногун ва шириниҳою нӯшокиҳои маҳаллӣ пешниҳод карда шуд, ки меҳмонон бо маззаю таъми онҳо ошноӣ пайдо карданд ва таҷрибаи фаромӯшнашавандаю муҳити идонаи ҳамоҳангсозӣ ва фароғатро аз сар гузаронданд.
Ҳамзамон барои иштирокчиён барномаҳои гуногуни фароғатӣ, аз қабили бозиҳои варзишӣ ва зеҳнӣ, озмуну викторинаҳои шавқовар, барномаҳои сиркӣ ва театрӣ, сайру саёҳат бо асп ва гӯшаҳои махсуси фароғатӣ барои кӯдакон ташкил карда шуд, ки барои ҳама имконияти фароғати фаъол ва муҳити ҳамдилона фароҳам овард.
Боздид аз намоишҳои ҳунарӣ, озмунҳо, барномаҳои саҳнавӣ ва лаззати таъомҳои миллӣ барои сокинону меҳмонон таҷрибаи фаромӯшнашаванда ва хотирмон гардид.
Метавон гуфт, ки «Dushanbe Navruz Fest» ба яке аз рӯйдодҳои муҳими фарҳангӣ дар рӯзҳои таҷлили Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар пойтахт табдил ёфта, барои сокинону меҳмонони шаҳри Душанбе фазои идона, фароғати хотирмон ва шиносоӣ бо фарҳангу анъанаҳои миллиро фароҳам овард.