Ҷаласаи Кумитаи тадорукоти чорабинии фарҳангӣ-фароғатии «Dushanbe Navruz Fest»

02/04/2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе таҳти роҳбарии муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе, Раиси Кумитаи тадорукот Бахтиёр Шарифӣ ҷаласаи Кумитаи тадорукоти чорабинии фарҳангӣ-фароғатии «Dushanbe Navruz Fest» баргузор шуд.

Дар ҷаласа ҳайати Кумитаи тадорукот – муовинони Раиси шаҳр, сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи Раиси шаҳр ва дигар роҳбарону намояндагони сохторҳои дахлдор иштирок намуда, масоили омодагӣ ба фестивал ва ҳамоҳангсозии чорабиниҳоро баррасӣ карданд.

Зимни ҷаласа, аз ҷумла масъалаҳои низоми ташкили барнома ва ҷадвали чорабиниҳо, муайян намудани ҷойҳои баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ва сайёҳӣ, ташкили инфрасохтори зарурӣ барои фароғат ва осоиши иштирокчиён, ҷалби ҳунармандон, сарояндагон ва намояндагони гуногун барои иштирок дар барномаҳои фестивал ва ташкили барномаҳои махсус барои кӯдакон ва оилаҳо мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Ба масъулин дастур дода шуд, ки ҳамаи чорабиниҳо ба таври ҳамоҳанг ва сари вақт омода карда шуда, барномаи фестивал ва инфрасохтори зарурӣ дуруст ташкил карда шаванд.

Ёдовар мешавем, ки чорабинӣ санаи 4 апрел аз соати 15 то 23 дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт баргузор мешавад.

Чорабинӣ бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Бозоршинос» баргузор гардида, ҳамоҳангсозии он ба зиммаи шуъбаи рушди сайёҳии пойтахт гузота шудааст.

Ҳадаф аз баргузории чорабинӣ фароҳам овардани фазои идона ва шароити мусоид барои истироҳату фароғати сокинони пойтахт, меҳмонон ва сайёҳон, инчунин муаррифии шаҳри Душанбе ҳамчун маркази муосири фарҳангӣ ва дорои имконияти васеи сайёҳӣ мебошад. Инчунин фестивал ба ҷалби бештари сайёҳони хориҷӣ, густариши фарҳанги меҳмондорӣ ва тарғиби суннату анъанаҳои миллӣ мусоидат хоҳад кард.

Барномаи фестивал силсилаи чорабиниҳои ҷолиби фарҳангӣ ва фароғатиро дар бар мегирад. Аз ҷумла, баргузории шоу-консерти идона бо иштироки сарояндагони маъруфи ватанӣ ва ҳунармандони хориҷӣ, намоиш ва фурӯши маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ, пешниҳоди таомҳои миллӣ ва хӯришҳои гуногун, шириниҳо ва нӯшокиҳои ташнагишикан пешбинӣ гардидааст.

Ҳамзамон барои иштирокчиён ва меҳмонони фестивал барномаҳои гуногуни фароғатӣ, аз қабили бозиҳои варзишиву зеҳнӣ, озмуну викторинаҳои шавқовар, барномаҳои сиркӣ ва театрӣ, сайру саёҳат бо асп, гӯшаҳои махсуси фароғатӣ барои кӯдакон ва дигар фаъолиятҳои ҷолиб ташкил карда мешаванд.

«Dushanbe Navruz Fest» ба яке аз рӯйдодҳои муҳими фарҳангӣ дар рӯзҳои таҷлили Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар пойтахт табдил ёфта, барои сокинон ва меҳмонони шаҳри Душанбе фазои идона, фароғати хотирмон ва шиносоӣ бо фарҳангу анъанаҳои миллиро фароҳам меорад.

Маълумоти бештарро оид ба баргузории фестивал метавонед аз саҳифаҳои расмии шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар Фейсбук (Dushanbe-travel), Инстаграм (dushanbe.travel), ВКонтакте (Dushanbe.travel), Тридс (dushanbe.travel), Тик-Ток (dushanbe.travel), Х (dushanbe.travel), Телеграмм (dushanbe.travel) ва дар саҳифаи Инстаграми мазкур (sxodim_dushanbe) дастрас намоед.

02/04/2026