Сафари кории ҳайати шаҳри Душанбе ба Подшоҳии Белгия

27/04/2026

27 апрели соли 2026 дар доираи сафари кории ҳайати шаҳри Душанбе ба Подшоҳии Белгия ҳамоиши иқтисодию соҳибкорӣ ва сайёҳӣ бо иштироки доираи ниҳодҳои давлатию хусусии минтақаи Фландря доир гардид.

Зимни ин чорабинӣ имкониятҳои воқеии ҳамкории ҷонибҳо дар самтҳои иқтисодӣ, ташкили корхонаҳои муштараки саноатӣ, логистика, дорӯсозӣ, агросаноатӣ, сайёҳӣ, рақамикунонӣ ва рушди устувории шаҳрӣ муаррифӣ гардида, атрофи масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ мубодилаи афкори судманд доир гардид.

Маврид ба қайд аст, ки Фландрия ҳамчун яке аз се минтақаи асосии Подшоҳии Белгия бо нишондиҳандаҳои баланди рушди иқтисодӣ, саноатӣ ва иқтидори содиротии худ дар ҳавзаи Иттиҳоди Аврупо мавқеи муҳимро ишғол менамояд.

Ҳамчунин, дар доираи сафари корӣ санаи 27 апрели соли 2026 ҳайати шаҳри Душанбе бо роҳбарии муовини Раиси шаҳри Душанбе Исмоилзода Нурҷаҳон аз қароргоҳи Парлумони Фландрияи Подшоҳии Белгия шиносоӣ анҷом доданд.

Дар доираи ин сафар ба ҳайат оид ба сохтор, самтҳои афзалиятнок ва фаъолияти қонунгузории парлумон маълумоти муфассал пешниҳод гардид.

27/04/2026