Шиносоӣ бо таҷрибаи шаҳрҳои пешрафтаи Аврупо дар самти сайёҳӣ

02/05/2026

Дар доираи сафари кории ҳайати шаҳри Душанбе ба кишварҳои Бенилюкс масъалаҳои рушди соҳаи сайёҳӣ, ҷалби бештари меҳмонони хориҷӣ ва татбиқи таҷрибаҳои муосири хизматрасонӣ низ мавриди омӯзиш қарор гирифт.

Зимни боздид аз таҷрибаи шаҳри Брюссел ва шаҳрҳои Генту Антверпени минтақаи Фландрияи Подшоҳии Белгия, ҳамчунин аз шаҳрҳои Люксембурги Ҳерсогии Бузурги Люксембург ва Маастрихти Подшоҳии Нидерланд дар самти хизматрасонии сайёҳӣ, хусусан сайёҳии ҳушманд аз наздик шинос гардид.

Аз ҷумла, дар минтақаҳои Подшоҳии Белгия мутахассисони соҳа бо фаъолияти низоми сайри шаҳрӣ тавассути автобусҳои муосири дуқабата шинос шуданд.

Ин низом ба сайёҳон имконият медиҳад, ки тавассути автобусҳои муосири дуқабата аз мавзеъҳои таърихиву фарҳангӣ, марказҳои тиҷоратӣ ва ҷозибаҳои муҳим дидан намоянд.

Таҷрибаи мазкур яке аз намунаҳои муваффақи рушди сайёҳии шаҳрӣ дар кишварҳои аврупоӣ арзёбӣ мегардад.

Ба ин монанд мутахассисон дар шаҳри Парижи Ҷумҳурии Фаронса бо тарзи ташкили сайри шаҳрӣ тавассути автобусҳои дуқабатаи машҳури «Big Bus Tours», пешниҳоди хизматрасонии рақамӣ, фурӯши электронии чиптаҳо ва истифодаи роҳнамоҳои бо забонҳои мухталиф шинос гардид.

Чунин усулҳо барои ҷалби бештари меҳмонон ва муаррифии самараноки шаҳр аҳамияти калон дорад.

Бояд ёдовар шуд, ки дар шаҳри Душанбе аллакай чанд соли охир бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе лоиҳаи автобусҳои сайёҳии дуқабата бо номи «Red Bus Tours» аз ҷониби ширкатҳои сайёҳии  «Somon Travel» ва  «King Tour» мавсимӣ роҳандозӣ гардида, мавриди таваҷҷуҳи сокинону меҳмонони пойтахт қарор дорад.

Ин иқдом барои рушди сайёҳии шаҳрӣ ва шиносоии меҳмонон бо мавзеъҳои муҳими пойтахт заминаи мусоид фароҳам овардааст.

Бо истифода аз таҷрибаи пешрафтаи шаҳрҳои аврупоӣ дар назар аст, ки дар марҳилаи навбатӣ дар автобусҳои сайёҳии Душанбе низ низоми сабти аудиоӣ ҷорӣ карда шавад.

Тавассути ин хизматрасонӣ сайёҳон метавонанд ҳангоми ҳаракат дар бораи таърихи шаҳр, мавзеъҳои фарҳангӣ, ёдгориҳои меъморӣ ва ҷойҳои ҷолиби сайёҳии Душанбе бо забонҳои мухталифи олам маълумот дастрас намоянд.

Дар амал роҳандозӣ намудани таҷрибаи шаҳрҳои Люксембург, Маастрихт ва Париж вобаста ба ташкили растаҳо, гӯшаҳо ва кӯчаҳои махсуси сайёҳӣ, низоми роҳнамоии сайёҳон, насби лавҳаҳои иттилоотӣ, аломатгузории роҳҳо, истифодаи харитаҳои рақамӣ ва ташкили нуқтаҳои иттилоотӣ барои меҳмонон қобили таваҷҷуҳ аст.

Илова бар ин, истифодаи ин усулҳои муосир барои осон намудани ҳаракати сайёҳон, зиёд намудани вақти будубоши онҳо дар шаҳр ва афзоиши ҷолибияти маконҳои фарҳангиву таърихӣ аҳамияти калон дорад.

Таҷрибаҳои бардоштшуда ва татбиқи минбаъдаи онҳо барои баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ, муаррифии мероси таърихиву фарҳангии пойтахт ва ҷалби шумораи бештари меҳмонону сайёҳон мусоидат менамояд.

Ҳамчунин ин ташаббус метавонад ба рушди иқтисоди шаҳр, пешрафти соҳибкории хурду миёна ва болоравии обрӯи байналмилалии Душанбе ҳамчун шаҳри сайёҳиву муосир такони ҷиддӣ бахшад.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе минбаъд низ барои ворид намудани таҷрибаҳои пешрафтаи ҷаҳонӣ, беҳтар намудани инфрасохтори сайёҳӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои меҳмонону сокинон тадбирҳои зарурӣ меандешад.

02/05/2026