Фарҳанг
Меҳмонхона
Тарабхона
Бозор
Боғҳо
Нақлиёт
Хизматрасонӣ

ЭЪЛОН!!!

28/05/2026

Ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони шаҳри Душанбе расонида мешавад, ки бахшида ба оғози мавсими хатсайрҳои сайёҳии дохилишаҳрии «Red Bus Tours» («Саёҳат тавассути автобусҳои сурх») рӯзи ифтитоҳи хатсайрҳо - 30 май сайру саёҳат тавассути автобусҳои дуқабата бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз ҷониби ширкатҳои сайёҳии «King Tour» ва «Somon Travel» ба роҳ монда мешавад.

Ҳадаф аз роҳандозии иқдоми мазкур муаррифии имконияти сайёҳии пойтахт, фароҳам овардани шароити мусоиди фароғатӣ барои сокинону меҳмонон ва рушди фарҳанги сайёҳии шаҳр мебошад.

Хоҳишмандон метавонанд барои номнавис дар хатсайрҳои сайёҳӣ ба шахси масъули тамоси ширкатҳои сайёҳии «King Tour» (+(992) 111 500 500, shohtour) ва «Somon Travel» (+(992) 111-992-992, somontravel.tj) муроҷиат намоянд.

Рӯзи ифтитоҳ – 30 май макони ҷамъшавӣ барои иштирокчиёни хатсайри якум соати 19:00 дар назди «Шаршара»-и Муассисаи давлатии «Боғи Наврӯзгоҳ» ва барои иштирокчиёни хатсайри дуюм соати 19:00 дар назди Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ (Майдони 800-солагии Москва) муайян гардидааст.

Ёдовар мешавем, ки мавсими нави хатсайрҳои сайёҳии дохилишаҳрии «Red Bus Tours» аз 30 май оғоз гардида, то моҳи октябри соли 2026 идома меёбад.

28/05/2026