Дар доираи таҳкими ҳамкории бародаршаҳрӣ байни шаҳрҳои Душанбеи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Санкт-Петербурги Федератсияи Русия барои ҳайати расмии шаҳри Санкт-Петербург хатсайри сайёҳӣ ташкил карда шуд.
Ба ҳайати меҳмонон муовини Раиси Кумитаи рушди сайёҳии шаҳри Санкт-Петербург Нана Гвичия ва дигар меҳмонон шомил буданд, ки бо сафари корӣ дар шаҳри Душанбе қарор доранд.
Зимни хатсайр меҳмонон дар баробари мавзеъҳои фарҳангӣ, таърихӣ ва сайёҳии шаҳри Душанбе аз Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон боздид намуда, бо шароити таълим, омодасозии мутахассисони соҳаи сайёҳӣ ва имконияти ҳамкории минбаъда шинос шуд.
Меҳмононро дар ҷараёни боздид мудири шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Дилшоди Ҷамшед ва дигар масъулон ҳамроҳӣ намуданд.
Чунин ташрифи ҳайатҳои расмӣ ва ташкили хатсайрҳои сайёҳӣ барои муаррифии имкониятҳои сайёҳии Душанбе, таҳкими робитаҳои дӯстона ва густариши ҳамкорӣ байни шаҳрҳои бародар мусоидат менамояд.