Фарҳанг
Меҳмонхона
Тарабхона
Бозор
Боғҳо
Нақлиёт
Хизматрасонӣ

Ҳамкориҳо дар соҳаи сайёҳӣ миёни шаҳрҳои Душанбе ва Санкт Петербург тақвият меёбанд

21/05/2026

21 май дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия дар доираи баргузории Рӯзҳои Санкт–Петербург, ки ба 35–солагии робитаҳои бародаршаҳрӣ байни шаҳрҳои Душанбе ва Санкт–Петербург бахшида шудааст, намоиши аксҳои сайёҳии шаҳри Санкт-Петербург таҳти унвони «Санкт-Петербург: муколамаи давраҳо ва мазмунҳо» ифтитоҳ гардид.

Дар кори намоиш узви ҳукумати шаҳри Санкт-Петербург, раиси Кумитаи робитаҳои хориҷии шаҳри мазкур Григориев Евгений Дмитриевич, муовини Раиси Кумитаи рушди сайёҳии шаҳри Санкт-Петербург Гвичия Нана Маргушевна, муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар Раҳим ва намоядаи сафорати Федератсияи Россия дар Тоҷикистон Хуторская Вера Валериевна роҷеъ ба аҳамияти мубодилаи фарҳангӣ ва таҳкими муносибатҳои дӯстонаи байни ин ду шаҳр суханронӣ намуданд.

Намоиш фарогири 24 акси бадеӣ буда, ба тамошобинон симои гуногунҷабҳаи шаҳри соҳили дарёи Неваро муаррифӣ намуд. 

Дар аксҳо манзараи нодири пойтахти шимолӣ, қалъаҳои таърихии замони Пётр ва қасрҳои бошукӯҳу биноҳои муосир инъикос ёфтаанд. 

21/05/2026