Фарҳанг
Меҳмонхона
Тарабхона
Бозор
Боғҳо
Нақлиёт
Хизматрасонӣ

Ба таваҷҷуҳи ширкатҳои сайёҳӣ ва вазорату идораҳое, ки меҳмонони хориҷӣ қабул менамоянд

10/06/2026

Шуъбаи рушди сайёҳии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз ҳамаи ширкатҳои сайёҳӣ, меҳмонхонаҳо, намояндагиҳои дипломатӣ, ташкилоту муассисаҳо ва дигар сохторҳое, ки бо меҳмонону сайёҳони хориҷӣ ҳамкорӣ доранд, даъват ба амал меорад, ки аз рӯзҳои баргузории чорабиниҳои фарҳангии шаҳру ноҳияҳои мамлакат дар боғҳои пойтахт фаъолона истифода намоянд.

Дар доираи таҷлили 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар ҳафта рӯзҳои шанбе ва якшанбе дар боғҳои шаҳри Душанбе рӯзҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ баргузор мегарданд. Дар ин чорабиниҳо меҳмонон метавонанд бо намунаҳои беҳтарини фарҳанг, санъат, ҳунарҳои мардумӣ, маҳсулоти кишоварзӣ, либосҳои миллӣ, таомҳои суннатӣ ва расму ойинҳои минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон аз наздик шинос шаванд.

Тавсия дода мешавад, ки сайёҳон ва меҳмонони хориҷии шумо ба ин чорабиниҳо ҷалб карда шаванд, зеро чунин иқдом имкони беҳтарин барои муаррифии тамаддун, фарҳанг, анъана ва ҳунарҳои миллии тоҷикон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад.

Иштироки меҳмонони хориҷӣ дар рӯзҳои фарҳангӣ на танҳо ба тарғибу ташвиқи мероси бойи фарҳангии миллат мусоидат мекунад, балки барои муаррифии имкониятҳои сайёҳии минтақаҳои гуногуни кишвар ва ҷалби бештари сайёҳон ба Тоҷикистон низ заминаи мусоид фароҳам меорад.

Биёед якҷоя барои муаррифии шоистаи Тоҷикистон ҳамчун кишвари дорои фарҳанги ғанӣ, меҳмоннавозӣ ва имкониятҳои фаровони сайёҳӣ саҳмгузор бошем!
 

10/06/2026