Фарҳанг
Меҳмонхона
Тарабхона
Бозор
Боғҳо
Нақлиёт
Хизматрасонӣ

Ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии фаъолият дар соҳаи сайёҳӣ баргузор гардид

18/06/2026

Имрӯз ҷаласаи навбатии Шурои ҳамоҳангсозии фаъолият дар соҳаи сайёҳӣ дар назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Муовини Раиси шаҳри Душанбе, муовини Раиси Шурои ҳамоҳангсозии фаъолият дар соҳаи сайёҳӣ Дилбар Одилзода оид ба аҳамияти Шуро дар таҳкими ҳамоҳангсозии фаъолияти сохторҳои давлатӣ ва бахши хусусӣ, инчунин рушди устувори соҳаи сайёҳӣ дар пойтахт ибрози назар намуд.

Дар натиҷаи сиёсати созандаву бунёдкоронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тадбирҳои пайгиронаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ соҳаи сайёҳӣ ба яке аз бахшҳои муҳими иқтисоди миллӣ табдил ёфта, барои муаррифии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ва рушди иқтисоди шаҳр нақши муассир мегузорад.

Дар идомаи ҷаласа мудири шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Дилшоди Ҷамшед оид ба корҳои анҷомдодашуда дар самти рушди соҳаи сайёҳӣ ва татбиқи барномаҳои соҳавӣ дар пойтахт ҳисобот пешниҳод намуд.

Ҳамзамон масъалаҳои вобаста ба баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ дар шаҳри Душанбе мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Аз ҷумла, вазъи хизматрасонӣ дар меҳмонхонаҳо, тарабхонаҳо ва марказҳои савдо, фаъолияти Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятӣ ва таксӣ, инчунин масъалаи омодасозӣ ва такмили ихтисоси кормандони соҳаи хизматрасонӣ ва роҳбаладон муҳокима гардиданд.

Иттилоъ дода шуд, ки беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ яке аз омилҳои асосии баланд бардоштани рақобатпазирии шаҳри Душанбе ҳамчун макони ҷолиби сайёҳӣ ба ҳисоб меравад.

18/06/2026