Фарҳанг
Меҳмонхона
Тарабхона
Бозор
Боғҳо
Нақлиёт
Хизматрасонӣ

Баргузории DITE-2026 ва Форуми байналмилалии Душанбе

30/06/2026

Бо ташаббус ва дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе рӯзҳои 24–26 сентябри соли 2026 дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе – 2026» (Dushanbe International Tourism Exhibition – DITE-2026) ва Форуми байналмилалии Душанбе таҳти унвони «Ҳамгироии шаҳрҳо дар татбиқи имкониятҳои сайёҳии устувор» баргузор мегарданд. Дар ин хусус қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе ба тасвиб расид.

Дар асоси қарор барои ҳамоҳангсозии омодагӣ ва баргузории чорабиниҳои мазкур шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе масъул муайян гардида, Кумитаи тадорукот дар ҳайати муовинони Раиси шаҳр, роҳбарони сохторҳои дахлдор, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва намояндагони вазорату идораҳои марбута таъсис дода шудааст.

Ин чорабиниҳои байналмилалӣ, ки ҳамасола бо дастгирии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ баргузор карда мешаванд, ба рушди сайёҳии устувор, густариши ҳамкории байнишаҳрӣ, ҷалби сармоягузорӣ, табодули таҷриба ва муаррифии имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон, бахусус пойтахти мамлакат мусоидат менамоянд.

Имсол дар Форуми байналмилалии Душанбе таҳти унвони «Ҳамгироии шаҳрҳо дар татбиқи имкониятҳои сайёҳии устувор» иштироки намояндагони бахши сайёҳии бародаршаҳрҳо ва шаҳрҳои шарики Душанбе, вазорату идораҳои соҳавии кишварҳои минтақа, созмонҳои байналмилалӣ, доираҳои илмӣ, сармоягузорон, ширкатҳои сайёҳӣ ва дигар субъектҳои хизматрасонии соҳа дар назар аст. Интизор меравад, ки дар ҷараёни форум масъалаҳои рушди сайёҳии устувор, густариши ҳамкории байналмилалӣ, ҷалби сармоягузорӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштарак, рушди шарикӣ миёни шаҳрҳо ва субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ баррасӣ гардида, дар фарҷоми он санадҳои нави ҳамкорӣ байни доираҳои манфиатдор ба имзо расанд.

Бо дарназардошти таҷрибаи муваффақи солҳои гузашта, интизор меравад, ки DITE-2026 бо иштироки доираи боз ҳам васеи ширкатҳои ватанию хориҷӣ, сармоягузорон, намояндагони шаҳрҳои шарик ва созмонҳои байналмилалӣ ба яке аз рӯйдодҳои муҳими тақвими сайёҳии минтақа табдил ёфта, дар муаррифии шаҳри Душанбе ҳамчун маркази муосири сайёҳӣ, тавсеаи ҳамкории байналмилалӣ ва рушди иқтисоди сайёҳии Тоҷикистон саҳми назаррас гузорад.

Дар доираи DITE-2026 баргузории вохӯриҳои соҳибкорон дар шакли B2B, тренингҳои омӯзишӣ оид ба баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ дар меҳмонхонаҳо ва тарабхонаҳо, такмили маҳорати касбии роҳбаладон ва таҳияи хатсайрҳои нави сайёҳӣ пешбинӣ шудааст.

«Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе – 2026» (DITE-2026) бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз ҷониби ҶДММ «Сомон Трэвел» ташкил ва баргузор карда мешавад.

Дар доираи Форуми байналмилалӣ ва DITE-2026 намоишгоҳи аксҳо оид ба имкониятҳои табиӣ, таърихиву фарҳангӣ, сайёҳӣ ва табобатию солимгардонии Тоҷикистон, бахусус шаҳри Душанбе, инчунин хатсайрҳои сайёҳӣ ба мавзеъҳои таърихиву фарҳангӣ ва фароғатии пойтахт ва барномаи фарҳангӣ ташкил карда мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки Форуми байналмилалии Душанбе таҳти унвони «Ҳамгироии шаҳрҳо дар татбиқи имкониятҳои сайёҳии устувор» бори аввал 25 сентябри соли 2024 бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе баргузор гардида, дар натиҷаи он байни ширкатҳои иштирокдор созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расиданд.

Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе (DITE) бошад аз соли 2024 баргузор гардида, то имрӯз ба як платформаи бонуфузи байналмилалӣ барои муаррифии имкониятҳои сайёҳӣ, ҷалби сармоягузорӣ ва рушди ҳамкории тиҷоратӣ табдил ёфтааст. Дар ду давраи баргузории он – солҳои 2024 ва 2025 – 290 субъекти соҳаи сайёҳӣ, аз ҷумла 85 ширкати хориҷӣ аз 18 кишвари ҷаҳон иштирок намуда, дар доираи намоишгоҳ вохӯриҳои B2B ва барномаҳои омӯзишӣ барои намояндагони соҳа баргузор карда шуданд.

30/06/2026