Фарҳанг
Меҳмонхона
Тарабхона
Бозор
Боғҳо
Нақлиёт
Хизматрасонӣ

Ташкили хатсайри сайёҳии дохилӣ дар самти Душанбе – Норак – Душанбе

02/08/2026

Бо мақсади иҷрои дастури Раиси шаҳри Душанбе ва дар идомаи татбиқи барномаи хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ барои кормандони сохторҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии пойтахт, 1 августи соли 2026 хатсайри сайёҳии Душанбе – Норак – Душанбе ташкил карда шуд.

Дар хатсайри мазкур кормандони сохторҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, намояндагони воситаҳои ахбори омма ва аъзои Ассотсиатсияи блогерони Тоҷикистон иштирок намуда, аз мавзеъҳои муҳими сайёҳӣ ва инфрасохтори энергетикии шаҳри Норак боздид карданд.

Дар доираи хатсайр иштирокчиён нахуст аз Боғи Анор дидан намуданд. Ба онҳо доир ба таърихи бунёди боғ, корҳои ободониву кабудизоркунӣ ва нақши он дар фароҳам овардани муҳити мусоиди истироҳату фароғат маълумот пешниҳод гардид.

Дар ҳамин ҷо меҳонон бо навъҳои гуногуни дарахтони анор, имконияти рушди агросайёҳӣ ва саҳми ин мавзеи сабзу хуррам дар беҳтар гардидани муҳити экологии шаҳр шинос шуда, аз манзараҳои зебо ва фазои орому форами он баҳравар гардиданд.

Баъдан иштирокчиён аз Неругоҳи барқи обии «Норак» — яке аз бузургтарин иншооти гидроэнергетикии Осиёи Марказӣ боздид намуданд.

Зимни боздид оид ба таърихи сохтмони неругоҳ, иқтидори истеҳсолӣ, нақши калидии ин иншоот дар таъмини амнияти энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аҳамияти он барои рушди иқтисоди миллӣ маълумоти муфассал пешниҳод карда шуд. Ҳамчунин меҳмонон бо фаъолияти неругоҳ, сарбанди азими он, обанбори Норак ва имконияти рушди сайёҳии саноатӣ дар ин иншоот аз наздик шинос шуданд.

Дар идомаи сафар ҳайати иштирокчиён аз мавзеи истироҳативу сайёҳӣ дар соҳили дарёи Вахш боздид карданд. Дар ин мавзеъ онҳо бо имконияти фароғатӣ, инфрасохтори хизматрасонӣ ва табиати зебои соҳили дарё шинос шуда, аз ҳавои мусаффо ва манзараҳои дилфиреб баҳравар гардиданд. Ҳамзамон барои иштирокчиён бозиҳои шавқовари шиноварӣ ташкил карда шуд, ки боиси болидахотирии онҳо гардида, барномаи сайёҳиро боз ҳам рангин намуд.

Баъдан иштирокчиён аз майдони Исмоили Сомонӣ дар шаҳри Норак боздид намуда, бо иншооти меъморӣ ва рамзҳои давлатӣ аз наздик шинос шуданд. Таъкид гардид, ки майдон яке аз марказҳои асосии баргузории чорабиниҳои ҷамъиятӣ ва фарҳангии шаҳр ба ҳисоб меравад.

Дар идома иштирокчиён аз дигар мавзеъҳои ҷолиби сайёҳии шаҳри Норак боздид намуда, бо имконияти сайёҳӣ, табиати зебо, инфрасохтори муосир ва имкониятҳои рушди сайёҳии экологӣ ва истироҳатии шаҳр ошно гардиданд.

Зимни боздид таъкид карда шуд, ки шаҳри Норак бо мавқеи мусоиди ҷуғрофӣ, обанбори бузург, табиати нотакрор ва мавҷудияти яке аз муҳимтарин иншооти гидроэнергетикии минтақа аз ҷумлаи шаҳрҳои дорои имконияти васеи рушди сайёҳӣ ба ҳисоб меравад.

Бояд зикр намуд, ки хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ бо мақсади рушди сайёҳии дохилӣ, муаррифии имкониятҳои бойи таърихиву фарҳангӣ ва табиии кишвар, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии кормандони мақомоти давлатӣ роҳандозӣ гардидаанд.

Татбиқи ин иқдом дар асоси дастури Раиси шаҳри Душанбе ва бо иҷрои супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди сайёҳии дохилӣ ба роҳ монда шуда, то моҳи октябри соли равон баргузории силсилаи чунин хатсайрҳо ба минтақаҳои гуногуни сайёҳии мамлакат дар назар дошта шудааст.

02/08/2026