Дар идомаи татбиқи барномаи хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ барои кормандони сохторҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, рӯзҳои 25–26 июли соли 2026 хатсайри сайёҳии Душанбе – Балҷувон – Ховалинг – Душанбе ташкил карда шуд.
Дар хатсайри мазкур кормандони сохторҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, намояндагони воситаҳои ахбори омма ва аъзои Ассотсиатсияи блогерони Тоҷикистон иштирок намуда, аз мавзеъҳои муҳими таърихӣ, фарҳангӣ ва сайёҳии ноҳияҳои Балҷувон ва Ховалинги вилояти Хатлон боздид карданд.
Нахуст иштирокчиён аз Муассисаи давлатии «Маркази таърихию фарҳангии Балҷувон» дидан намуда, бо таърихи ин ёдгории қадима, нақши он дар таърихи давлатдории тоҷикон ва имкониятҳои сайёҳии ноҳияи Балҷувон шинос шуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки ин иншоот 11 сентябр бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъд аз таъмиру навсозӣ ба истифода дода шуд. Иншооти мазкур яке аз ёдгориҳои таърихии ноҳия ба ҳисоб рафта, ҳамасола шумораи зиёди сайёҳони дохилию хориҷӣ аз он дидан менамоянд. Марказ дорои толори калони намоишӣ, осорхонаи таърихӣ, китобхона ва гӯшаҳои махсуси фарҳанги миллӣ мебошад. Ҳар як гӯша бо ҳунари баланди меъморӣ ва тарҳи замонавӣ оро ёфта, таърихи қадимаву фарҳанги ғании мардуми тоҷикро инъикос мекунад. Дар осорхонаи ин мавзеъ намунаҳои нодири санъати дастӣ, нигораҳои қадимӣ, ашёи рӯзгори ниёгон ва асарҳои муҳаққиқону адибон ҷой дода шудааст.
Сипас иштирокчиён аз Осорхонаи таъриху кишваршиносии ноҳияи Балҷувон боздид намуда, бо мероси таърихию фарҳангии ноҳия, бозёфтҳои бостоншиносӣ, ашёи нодири таърихӣ ва намунаҳои ҳунарҳои мардумӣ шинос гардиданд.
Дар идома онҳо ба Оромгоҳи Шоҳ Неъматуллоҳи Валӣ (Заробӣ) ташриф оварда, бо таърихи ин мавзеи муқаддас ва ҷойгоҳи он дар рушди зиёратсайёҳӣ ошно шуданд.
Баъдан иштирокчиёни хатсайр ба ноҳияи Ховалинг сафар намуда, аз Мақбараи Султон Увайси Қаранӣ боздид карданд. Зимни боздид иштирокчиён бо таърихи ин мавзеи муқаддас, арзишҳои маънавию фарҳангии он ва имкониятҳои рушди зиёратсайёҳӣ дар минтақа аз наздик ошно гардиданд.
Шоми рӯзи аввал барои иштирокчиён чорабиниҳои фарҳангиву фароғатӣ ташкил гардида, онҳо филми ҳунарии «Марде аз сарнавишт»-ро ба таври дастҷамъӣ тамошо намуданд.
Баъд аз тамошои филм бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши маърифатӣ баргузор гардид. Дар ҷараёни ҳамоиш иштирокдорон таассуроти худро аз тамошои филм баён намуда, доир ба аҳамияти Истиқлоли давлатӣ, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва нақши он дар рушди соҳаҳои гуногуни мамлакат, аз ҷумла сайёҳӣ, табодули афкор анҷом доданд.
Дар идома иштирокчиён аз Маҷмааи сайёҳии Ховалинг боздид намуда, бо имкониятҳои фароғатӣ, инфрасохтори сайёҳӣ, табиати нотакрор ва манзараҳои зебои ин минтақа шинос шуданд. Ҳамчунин ба онҳо иқтидори рушди сайёҳии таърихӣ, фарҳангӣ ва экологӣ дар ноҳияи Ховалинг муаррифӣ гардид.
Дар идома иштирокчиён дар деҳоти ба номи Ғаффор Мирзои ноҳияи Ховалинг аз Деҳкадаи сайёҳӣ, ки яке аз мавзеъҳои навбунёди сайёҳӣ ва тамошою фароғатӣ ба ҳисоб меравад, боздид намуданд. Ба меҳмонон шароити истироҳату фароғатӣ, инфрасохтори сайёҳӣ, табиати нотакрору манзараҳои зебо ва имкониятҳои рушди сайёҳии экологию оилавӣ муаррифӣ карда шуданд.
Дар ҷараёни боздид ба иштирокдорони хатсайр иттилоъ дода шуд, ки Деҳкадаи сайёҳӣ 20 июн бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор дода шуд.
Гуфта шуд, ки Деҳкадаи сайёҳӣ дар қисми ҷанубу шарқии ноҳияи Ховалинг аз маркази ноҳия дар масофаи 9,5 км. ҷойгир буда, дорои ошхонаи барҳаво бо 50 ҷойи нишаст дар як вақт, мавзеи гулханафрӯзӣ бо меъмории таърихӣ, ҷойҳои бозию дилхушӣ ва роҳраву гулгаштҳои назаррабо мебошад.
Дар солҳои охир рушди сайёҳӣ ҳамчун яке аз самтҳои муҳими иқтисоди миллӣ мавриди таваҷҷуҳи хос қарор гирифта, барои муаррифии таърих, фарҳанг ва табиати нотакрори Тоҷикистон заминаҳои мусоид фароҳам оварда мешаванд.
Дар ҳамин росто Деҳкадаи сайёҳӣ бо мақсади муаррифии тарзи ҳаёти суннатии мардуми тоҷик бунёд гардида, дар он намунаҳои беҳтарини меъмории миллӣ таҷассум ёфтаанд. Биноҳо ва иншооти деҳакада бо услуби анъанавӣ сохта шуда, шаклу намуди онҳо ба хонаҳои қадимаи тоҷикон шабоҳат доранд. Истифодаи унсурҳои миллӣ дар тарҳи биноҳо, айвонҳои кандакорӣ, деворҳои ороёфта ва муҳити зебои атроф ба ин мавзеъ ҳусну таровати хос бахшидааст.
Нақши Деҳкадаи сайёҳӣ дар ҷалби сайёҳони дохиливу хориҷӣ назаррас арзёбӣ мешавад. Мавҷудияти чунин маҷмаа имкон медиҳад, ки меҳмонон на танҳо аз манзараҳои зебои табиати ноҳия баҳра баранд, балки бо фарҳангу тамаддуни бостонии тоҷикон аз наздик шинос шаванд. Ин иқдом метавонад шумораи сайёҳонро афзоиш дода, ба рушди хизматрасонӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва беҳтар гардидани вазъи иқтисоди маҳаллӣ мусоидат намояд.
Меҳмонон инчунин аз Осорхонаи ҷумҳуриявии ба номи Восеъ ва боғи атрофи он боздид намуда, бо нигораҳои таърихӣ, мероси фарҳангии минтақа ва муҳити ободу зебои ин маҷмаа шинос гардиданд. Осорхона дар зодгоҳи Қаҳрамони халқи тоҷик Восеъ қарор дошта, дар он нигораҳои таърихӣ, ашёи рӯзгори қаҳрамон, дастхатҳои қадима ва дигар ёдгориҳои арзишманд ба намоиш гузошта шудаанд. Боғи осорхона низ бо табиати зебо, дарахтони куҳансол ва манзараҳои нотакрори худ барои меҳмонон ҷолиб аст.
Ҳамзамон аз Маҷмааи варзишию сайёҳӣ дар деҳаи Дараи Мухтори ноҳияи Ховалинг дидан карда шуд. Ин маҷмаа бо иншооти варзишӣ, инфрасохтори муосири сайёҳӣ ва шароити мусоид барои истироҳату қабули меҳмонон яке аз марказҳои муҳими рушди сайёҳӣ дар ноҳия ба ҳисоб меравад.
Бояд зикр намуд, ки хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ бо мақсади рушди сайёҳии дохилӣ, муаррифии имкониятҳои бойи таърихиву фарҳангӣ ва табиии кишвар, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии кормандони мақомоти давлатӣ роҳандозӣ гардидаанд.
Татбиқи ин иқдом дар асоси дастури Раиси шаҳри Душанбе ва бо иҷрои супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди сайёҳии дохилӣ ба роҳ монда шуда, то моҳи октябри соли 2026 баргузории силсилаи чунин хатсайрҳо ба минтақаҳои гуногуни сайёҳии кишвар дар назар дошта шудааст.