Фарҳанг
Меҳмонхона
Тарабхона
Бозор
Боғҳо
Нақлиёт
Хизматрасонӣ

Хатсайри сайёҳии Душанбе – Ромит баргузор гардид

10/08/2026

Дар идомаи татбиқи барномаи хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ барои кормандони сохторҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии пойтахт санаи 8 августи соли 2026 хатсайри сайёҳии Душанбе – Ромит ташкил карда шуд.

Дар доираи хатсайр иштирокчиён аз як қатор мавзеъҳои табиӣ, табобативу истироҳатӣ, агросайёҳӣ ва экологӣ дар шаҳри Ваҳдат ва дараи Ромит боздид намуда, бо имкониятҳои сайёҳии минтақа аз наздик шинос шуданд.

Нахуст иштирокчиён аз Осоишгоҳи «Зайрон» боздид намуданд. Ин мавзеъ бо оби шифобахши табиӣ, ҳавои тоза ва муҳити мусоиди кӯҳистонӣ яке аз мавзеъҳои маъруфи табобатию истироҳатии минтақа ба ҳисоб меравад.

Зимни боздид ба иштирокчиён имкониятҳои табобативу истироҳатии осоишгоҳ, шароити фароҳамгардида барои қабули истироҳаткунандагон ва иқтидори он дар рушди сайёҳии табобатӣ муаррифӣ гардид. Оби маъдании табиии осоишгоҳ дорои як қатор унсурҳои минералӣ буда, барои табобати бемориҳои системаи асаб, дилу рагҳо, устухон ва буғумҳо ва баъзе бемориҳои пӯст истифода мешавад.

Осоишгоҳи «Зайрон» дар километри 29-уми роҳи Ваҳдат – Ромит ҷойгир буда, дорои се меҳмонхонаи замонавӣ бо 91 ҳуҷра ва 270 кати хоб, инчунин ҳафт ҳавзи табобатӣ мебошад. Муҳити табиӣ ва ҳавои тозаи ин мавзеъ барои истироҳат ва барқарорсозии неруи инсон шароити мусоид фароҳам меорад.

Сипас ҳайати иштирокчиён аз ҳавзҳои моҳипарварии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Меҳвари Душанбе», воқеъ дар мавзеи Олучадараи деҳоти Ромити шаҳри Ваҳдат, боздид намуданд. Иншооти мазкур дар соҳили дарёи Кофарниҳон бунёд гардида, барои рушди моҳипарварӣ ва истифодаи самараноки имкониятҳои табиии минтақа заминаи мусоид фароҳам овардааст.

Иттилоъ дода шуд, ки иншооти моҳипарварӣ 8 октябри соли 2020 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ гардидааст. Масоҳати умумии ҳудуди ҳавзҳои моҳипарварӣ 7 гектарро ташкил дода, дар 3 гектари он дарахту бутта ва гулҳои ороишӣ шинонида шудаанд. Маҷмааи мазкур аз 30 ҳавзи моҳипарварӣ иборат буда, масоҳати ҳар як ҳавз аз 100 то 300 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Иқтидори умумии ҳавзҳо барои парвариши аз 30 то 70 тонна моҳӣ пешбинӣ шудааст.

Гуфта шуд, ки дар ин ҳавзҳо парвариши гулмоҳии шоҳона ва осётра аз марҳилаи тухм ва кирмина оғоз гардида, айни замон дар ҳавзҳо тақрибан 5 тонна моҳӣ парвариш карда мешавад. Ин таҷриба намунаи истифодаи имкониятҳои мавҷудаи табиӣ ва истеҳсолии минтақа барои рушди моҳипарварӣ ва агросайёҳӣ ба ҳисоб меравад.

Ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки дар оянда дар назди ҳавзҳои моҳипарварӣ коргоҳи коркарди моҳӣ таъсис дода мешавад. Татбиқи чунин иқдом метавонад ба ташаккули занҷираи пурраи истеҳсолу коркарди маҳсулоти моҳипарварӣ ва фароҳам овардани имкониятҳои нави иқтисодиву сайёҳӣ мусоидат намояд.

Зимни боздид иштирокчиён бо раванди парвариши моҳӣ, шароити нигоҳдорӣ ва имкониятҳои истеҳсолии иншоот аз наздик шинос шуда, нақши чунин иқдомҳоро дар рушди агросайёҳӣ, муаррифии истеҳсолоти маҳаллӣ ва истифодаи самараноки захираҳои табиии минтақа муҳим арзёбӣ намуданд.

Дар идомаи хатсайр иштирокчиён аз Дараи Ромит ва ҳудуди Мамнуъгоҳи биосферии «Ромит» боздид намуданд.

Дараи Ромит бо обҳои мусаффо, ҳайвоноти нодир, гиёҳҳои шифобахш ва табиати зебою нотакрори худ миёни дӯстдорони табиат ва сайёҳон шуҳрат пайдо кардааст. Ин минтақа дар болооби дарёи Кофарниҳон ҷойгир буда, масоҳати васеи кӯҳистониро фаро мегирад.

Мувофиқи маълумоти мавҷуда, дараи Ромит дар ҳудуди тақрибан 16 ҳазору 200 гектар доман густурда, бо захираҳои нодири табиӣ ва гуногунии олами набототу ҳайвонот барои рушди сайёҳии экологӣ, кӯҳгардӣ, табобатию истироҳатӣ ва дигар намудҳои сайёҳӣ имкониятҳои васеъ дорад.

Ҷойгиршавии мусоиди ҷуғрофӣ низ ба рушди сайёҳии минтақа мусоидат мекунад. Дараи Ромит дар самти шарқ ба Обигарм ва тавассути дараи Канаск ба дараи Камароби ноҳияи Рашт пайваст шуда, дар самти ғарб тавассути Роҳатӣ ва Теппаи Самарқандӣ ба дараи Варзоб ва дигар минтақаҳо роҳ дорад. Ин имконият медиҳад, ки хатсайрҳои сайёҳии байниноҳиявӣ ва минтақавӣ низ ташкил карда шаванд.

Дар дараи Ромит меҳмонхонаю тарабхонаҳои замонавӣ ва чойхонаҳои миллӣ сохта шудаанд, ки барои қабули сайёҳон ва меҳмонон хизмат мерасонанд.

Зимни боздид иштирокчиён бо табиати нотакрори Ромит, захираҳои табиӣ ва имкониятҳои истифодаи оқилонаи онҳо барои рушди сайёҳӣ шинос шуданд. Манзараҳои кӯҳистонӣ, дараҳои хушманзара, ҳавои мусаффо ва обҳои зулоли минтақа барои рушди сайёҳии экологӣ, кӯҳгардӣ ва истироҳати фаъол заминаи мусоид фароҳам меоранд.

Хатсайри мазкур имкон фароҳам овард, ки иштирокчиён бо чанд самти муҳими сайёҳӣ — табобатӣ, агросайёҳӣ, экологӣ ва истироҳатӣ — аз наздик шинос шуда, зарфиятҳои сайёҳии шаҳри Ваҳдат ва дараи Ромитро арзёбӣ намоянд.

Боздиди мазкур ҳамчунин нишон дод, ки рушди ҳамзамони инфрасохтори сайёҳӣ, истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ ва муаррифии имкониятҳои истеҳсоливу табобатӣ метавонад барои ташаккули маҳсулоти нави сайёҳӣ ва ҷалби бештари сайёҳони дохилию хориҷӣ мусоидат намояд.

Бояд зикр намуд, ки хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ бо мақсади рушди сайёҳии дохилӣ, муаррифии имкониятҳои бойи таърихиву фарҳангӣ ва табиии кишвар, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии кормандони мақомоти давлатӣ роҳандозӣ гардидаанд.

Татбиқи ин иқдом дар асоси дастури Раиси шаҳри Душанбе ва бо иҷрои супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди сайёҳии дохилӣ ба роҳ монда шуда, баргузории силсилаи чунин хатсайрҳо ба минтақаҳои гуногуни сайёҳии мамлакат то моҳи октябр идома хоҳад ёфт.

10/08/2026