Фарҳанг
Меҳмонхона
Тарабхона
Бозор
Боғҳо
Нақлиёт
Хизматрасонӣ

Мусоҳибаи сардори Раёсати рушди сайёҳӣ Дилшоди Ҷамшед бо рӯзномаи «Паёми Душанбе»

13/08/2026

«Душанбе ба маркази муколамаи байналмилалӣ оид ба рушди сайёҳии устувор табдил меёбад»

Шаҳри Душанбе дар солҳои охир тадриҷан мавқеи худро ҳамчун яке аз марказҳои муҳими сайёҳии Осиёи Марказӣ таҳким мебахшад. Яке аз нишонаҳои ин раванд баргузории Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе (DITE) мебошад, ки имсол аз 24 то 26 сентябр, бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ, маротибаи сеюм дар пойтахт доир мегардад. Дар баробари он ҳамчунин Форуми байналмилалии Душанбе таҳти унвони «Ҳамгироии шаҳрҳо дар татбиқи имкониятҳои сайёҳии устувор» баргузор хоҳад шуд.

Дар остонаи ин рӯйдоди муҳими байналмилалӣ хабарнигори рӯзномаи «Паёми Душанбе» бо сардори Раёсати рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Дилшоди Ҷамшед доир ба омодагӣ ба DITE-2026, аҳамияти форум, дастовардҳои пойтахт дар рушди сайёҳӣ, татбиқи технологияҳои рақамӣ, роҳандозии «RED BUS TOUR», рушди сайёҳии дохилӣ ва дурнамои соҳа ҳамсуҳбат гардид.

– Агар ба рушди шаҳри Душанбе дар тақрибан 10 соли охир назар афканем, мебинем, ки пойтахт на танҳо симои меъмории худро тағйир додааст, балки тадриҷан ҳамчун як макони ҷолиби сайёҳӣ низ муаррифӣ мешавад. Ба назари Шумо, имрӯз Душанбе дар харитаи сайёҳии минтақа чӣ ҷойгоҳ дорад?

– Воқеан, имрӯз метавон бо қаноатмандӣ гуфт, ки Душанбе дар партави сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва таваҷҷуҳу дастгириҳои пайвастаи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба марҳилаи нави рушди худ ворид гардидааст.

Дар чанд соли охир пойтахт на танҳо аз ҷиҳати ободониву шаҳрсозӣ, балки ҳамчун маркази баргузории чорабиниҳои байналмилалӣ, фарҳангӣ, варзишӣ ва сайёҳӣ низ ба таври назаррас рушд намуд. Бунёди боғҳои муосир, иншооти фарҳангиву фароғатӣ, меҳмонхонаҳои замонавӣ, беҳтар гардидани инфрасохтори нақлиётӣ, афзоиши фазои сабз ва сатҳи хизматрасонӣ боис гардиданд, ки таваҷҷуҳи сайёҳони хориҷӣ ба Душанбе бештар шавад.

Имрӯз мо метавонем бо итминон бигӯем, ки Душанбе аз як шаҳри транзитӣ тадриҷан ба шаҳри мақсадноки сайёҳӣ (tourism destination) табдил меёбад. Агар қаблан аксари меҳмонон пойтахтро танҳо ҳамчун нуқтаи оғози сафар ба дигар минтақаҳои Тоҷикистон истифода мебурданд, имрӯз худи Душанбе ба шарофати имкониятҳои фарҳангӣ, таърихӣ, фароғатӣ ва хизматрасониҳои муосир ба яке аз самтҳои ҷолиби сайёҳӣ табдил ёфтааст.

Албатта, ин натиҷа тасодуфӣ нест. Он маҳсули татбиқи сиёсати пайгиронаи давлату Ҳукумат, амалисозии барномаҳои рушди соҳа ва ҳамкории зичи мақомоти давлатӣ бо бахши хусусӣ мебошад. Вазифаи мо масъулон низ аз он иборат аст, ки ин равандро тақвият бахшида, Душанберо дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун шаҳри замонавӣ, меҳмоннавоз ва рақобатпазири сайёҳӣ ҳарчи бештар муаррифӣ намоем.

– Душанбе маротибаи сеюм мизбони Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе — DITE-2026 мегардад. Ба андешаи Шумо, имрӯз метавон DITE-ро ҳамчун бренди байналмилалии пойтахт арзёбӣ кард?

– Бале, имрӯз метавон бо итминон гуфт, ки DITE дигар танҳо як намоишгоҳи соҳавӣ нест. Дар давоми се соли охир он тадриҷан ба як платформаи байналмилалӣ барои муаррифии иқтидори сайёҳӣ, ҷалби сармоягузорӣ, барқарор намудани робитаҳои нави шарикӣ ва табодули таҷрибаи касбӣ табдил ёфтааст.

Муҳим он аст, ки DITE на танҳо Душанбе, балки дар умум кишвари азизамон - Тоҷикистонро ҳамчун макони баргузории чорабиниҳои байналмилалӣ муаррифӣ мекунад. Ҳар як меҳмон, ки ба пойтахт меояд, бо сатҳи рушди инфрасохтор, имкониятҳои хизматрасонӣ, фарҳанги шаҳрнишинӣ ва меҳмоннавозии мардуми тоҷик аз наздик ошно мегардад. Ин худ беҳтарин василаи муаррифии бренди сайёҳии пойтахт мебошад.

Аз ин рӯ, мо имрӯз DITE-ро ҳамчун як ҷузъи сиёсати пешбурди бренди байналмилалии Душанбе арзёбӣ мекунем.

Ҳамин ҷо як нуқтаро бояд қайд намоям, ки аввалин DITE соли 2024 бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор карда шуд. Баъдан соли 2025 баргузории намоишгоҳ бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз ҷониби ширкати сайёҳии «Сомон Трэвел» идома дода шуд ва имсол низ DITE-2026 бо дастгирии мақомоти пойтахт аз ҷониби ҳамин ширкат баргузор карда мешавад.

Ин раванд нишон медиҳад, ки ташаббуси мақомоти шаҳр дар заминаи рушди соҳаи сайёҳӣ тадриҷан ба як платформаи мустақили соҳавӣ табдил ёфтааст. Барои мо муҳим аст, ки чунин чорабиниҳо бо ҷалби бахши хусусӣ ва иштироки фаъоли ширкатҳои сайёҳӣ пайваста рушд намоянд, зеро маҳз ҳамкории давлат ва бахши хусусӣ метавонад ба ташаккули маҳсулоти рақобатпазири сайёҳӣ ва ворид шудани он ба бозорҳои байналмилалӣ мусоидат кунад.

– DITE-2026 аз намоишгоҳҳои қаблӣ бо чӣ фарқ хоҳад кард?

– Пеш аз ҳама, аз рӯи муҳтаво ва сатҳи иштирокчиён. Имсол дар назар аст, ки дар намоишгоҳ намояндагони мақомоти давлатӣ, ширкатҳои сайёҳӣ, ширкатҳои ҳавопаймоӣ, меҳмонхонаҳо, созмонҳои байналмилалӣ, сармоягузорон, воситаҳои ахбори омма ва доираҳои соҳибкорӣ аз кишварҳои гуногуни ҷаҳон ширкат намоянд.

Хусусияти муҳими дигар иштироки ҳайатҳои расмии як қатор бародаршаҳрҳои Душанбе мебошад. Мо инро як омили муҳими таҳкими дипломатияи шаҳрҳо медонем. Имрӯз маҳз шаҳрҳо ба муҳаррики рушди иқтисодӣ, фарҳангӣ ва сайёҳӣ табдил ёфтаанд. Аз ин рӯ, густариши ҳамкориҳои мустақими байни шаҳрҳо барои рушди соҳа аҳамияти калон дорад.

Имсол барномаи чорабинӣ низ хеле ғанӣ мебошад. Ғайр аз намоишгоҳ, мулоқотҳои соҳибкорӣ дар формати B2B, муаррифии маҳсулоти нави сайёҳӣ, барномаҳои фарҳангӣ, сафарҳои шиносоӣ барои меҳмонон ва муҳимтар аз ҳама, Форуми байналмилалии Душанбе баргузор хоҳанд шуд.

– Яке аз рӯйдодҳои калидӣ дар баробари DITE-2026 баргузории Форуми байналмилалии Душанбе таҳти унвони «Ҳамгироии шаҳрҳо дар татбиқи имкониятҳои сайёҳии устувор» мебошад. Чаро маҳз чунин мавзуъ интихоб гардид ва имрӯз он то чӣ андоза аҳамияти байналмилалӣ дорад?

– Имрӯз дар ҷаҳон рушди сайёҳӣ дигар танҳо масъулияти сохторҳои соҳавӣ нест. Он ба як самти муҳими сиёсати шаҳрсозӣ, рушди иқтисоди маҳаллӣ ва ҳамкории байналмилалӣ табдил ёфтааст. Аз ин рӯ, интихоб шудани мавзуи «Ҳамгироии шаҳрҳо дар тат- биқи имкониятҳои сайёҳии устувор» тасодуфӣ нест.

Мо имрӯз шоҳиди он ҳастем, ки шаҳрҳо бештар аз ҳар вақти дигар таҷриба, технология ва роҳу механизмҳои муваффақро мустақиман бо ҳам мубодила мекунанд. Агар шаҳрҳо тавонанд дар самти рушди сайёҳӣ ҳамдигарро пурра намоянд, натиҷаи он на танҳо афзоиши гардиши сайёҳӣ, балки рушди иқтисоди шаҳрӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ҷалби сармоя ва беҳтар гардидани муҳити зиндагии сокинон хоҳад буд.

Маҳз ҳамин ғоя дар меҳвари Форум қарор дорад. Мо мехоҳем Душанбе на танҳо мизбони як чорабинӣ, балки ба майдони муколамаи байналмилалӣ оид ба рушди сайёҳии устувор табдил ёбад.

– Дар форум иштироки намояндагони бародаршаҳрҳои Душанбе низ пешбинӣ шудааст. Ба андешаи Шумо, чунин ҳамкорӣ барои рушди соҳаи сайёҳӣ чӣ аҳамият дорад?

– Муносибатҳои бародаршаҳрӣ имрӯз аз доираи табодули ҳайатҳои расмӣ берун рафта, ба яке аз воситаҳои муҳими рушди иқтисодӣ, фарҳангӣ ва сайёҳӣ табдил ёфтаанд.

Душанбе имрӯз бо як қатор шаҳрҳои бонуфузи ҷаҳон муносибатҳои дӯстона ва бародаршаҳрӣ дорад. Мо бар он назарем, ки ин робитаҳо бояд бо мазмуни амалӣ ғанӣ гарданд. Сайёҳӣ яке аз самтҳои муносиб барои чунин ҳамкорӣ мебошад.

Дар доираи Форум намояндагони бародаршаҳрҳо имкон пайдо мекунанд, ки таҷрибаи худро дар самти идораи шаҳрҳои сайёҳӣ, истифодаи технологияҳои рақамӣ, ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, рушди инфрасохтор ва ҷалби сармоягузорӣ муаррифӣ намоянд. Дар навбати худ, онҳо бо дастовардҳо ва имкониятҳои Душанбе аз наздик ошно хоҳанд шуд.

Мутмаинем, ки чунин мулоқотҳо барои оғози лоиҳаҳои муштарак, таҳияи хатсайрҳои нави сайёҳӣ, табодули таҷриба ва таҳкими робитаҳои мустақими байни шаҳрҳо заминаи мусоид фароҳам меоранд.

– Имрӯз бештар аз «дипломатияи шаҳрҳо» ёд мешавад. Ба назари Шумо, Душанбе то чӣ андоза метавонад тавассути сайёҳӣ нақши худро дар ин раванд тақвият бахшад?

– Ба андешаи ман, маҳз сайёҳӣ яке аз самтҳое мебошад, ки метавонад дипломатияи шаҳрҳоро муассиртар гардонад.

Ҳар як меҳмони хориҷӣ, ки ба Душанбе меояд, танҳо аз боғҳо, осорхонаҳо ва иншооти фарҳангӣ дидан намекунад. Ӯ бо фарҳанг, тарзи зиндагӣ, меҳмоннавозӣ ва арзишҳои мардуми тоҷик низ ошно мешавад. Аз ҳамин ҷост, ки сайёҳӣ яке аз воситаҳои муҳими таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ ва эътимод байни халқҳо ба ҳисоб меравад.

Аз ин рӯ, мо кӯшиш мекунем, ки ҳар як чорабинии байналмилалӣ, аз ҷумла DITE-2026 ва Форум, на танҳо майдони муҳокимаи масъалаҳои соҳавӣ, балки фазои таҳкими дӯстӣ ва ҳамкории байнишаҳрӣ бошад.

Душанбе барои чунин нақш тамоми имкониятҳоро дорад. Пойтахти мо имрӯз шаҳри сулҳу субот, амният, фарҳанги баланд ва инфрасохтори муосир мебошад. Ин омилҳо имкон медиҳанд, ки шаҳр дар рушди дипломатияи мардумӣ ва дипломатияи шаҳрҳо саҳми бештар гузорад.

– Ба андешаи Шумо, натиҷаи асосии DITE-2026 ва Форум бояд чӣ бошад? Оё онро метавон танҳо бо шумораи иштирокчиён ва созишномаҳои имзошуда арзёбӣ кард?

– Албатта, шумораи иштирокчиён, мулоқотҳои соҳибкорӣ ва санадҳои ҳамкорӣ нишондиҳандаҳои муҳим мебошанд. Аммо ба назари ман, муваффақияти воқеии чунин чорабиниҳо бо таъсири дарозмуддати онҳо арзёбӣ мегардад.

Агар баъди анҷоми DITE-2026 шумораи бештари сайёҳон Душанбе ва Тоҷикистонро барои сафар интихоб кунанд, агар байни ширкатҳои сайёҳӣ ва сармоягузорон ҳамкории нав оғоз шаванд, агар бародаршаҳрҳо лоиҳаҳои муштаракро амалӣ намоянд ва агар Душанбе дар харитаи чорабиниҳои байналмилалии сайёҳӣ мавқеи устувортар пайдо кунад, пас мо метавонем бигӯем, ки ҳадафҳои худро амалӣ кардаем.

Ҳадафи ниҳоии мо танҳо баргузории як чорабинӣ нест. Мо мехоҳем DITE ба як анъанаи байналмилалӣ ва ба бренди муаррифии шаҳри Душанбе табдил ёбад, то ҳар сол таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба пойтахти Тоҷикистон бештар ҷалб намояд.

- Агар аз чорабиниҳои байналмилалӣ ба фаъолияти ҳаррӯза гузарем, имрӯз яке аз самтҳои муҳими рушди сайёҳӣ истифодаи технологияҳои рақамӣ ба ҳисоб меравад. Дар пойтахт низ дар ин самт як қатор иқдомҳо амалӣ шудаанд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, хоссатан Раёсати рушди сайёҳӣ барои рақамикунонии хизматрасонӣ чӣ корҳоро анҷом медиҳад?

– Дар шароити муосир рушди соҳаи сайёҳӣ бидуни истифодаи технологияҳои рақамӣ ғайриимкон аст. Имрӯз аксари сайёҳон пеш аз сафар тавассути интернет дар бораи самти интихобкардаи худ маълумот меҷӯянд, хатсайр тартиб медиҳанд ва хизматрасониро интихоб менамоянд. Аз ин рӯ, вазифаи мо танҳо рушди инфрасохтор нест, балки фароҳам овардани муҳити рақамии муосир барои меҳмонон низ мебошад.

Бо дастгири ва ташаббуси роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар назди 45 мавзеи муҳими таърихиву фарҳангӣ, фароғатӣ ва сайёҳии пойтахт QR-рамзҳои иттилоотӣ насб карда шуданд. Ин ташаббус ба меҳмонони дохиливу хориҷӣ имкон медиҳад, ки бо истифода аз дастгоҳҳои мобилӣ дар муддати кӯтоҳ маълумоти муфассалро дар бораи таърих, меъморӣ ва аҳамияти ҳар як мавзеъ дастрас намоянд.

Ин иқдом танҳо насби QR-рамзҳо нест. Мо онро оғози гузариш ба низоми муосири идораи хизматрасонии сайёҳӣ медонем. Ҳадафи асосӣ ин аст, ки иттилоот барои ҳар як сайёҳ дастрас, саҳеҳ ва мувофиқ бошад.

Дар баробари ин, Раёсат дар самти такмили харитаҳои электронии сайёҳӣ, таҳияи маводи рақамии иттилоотӣ ва истифодаи технологияҳои нав барои муаррифии имкониятҳои сайёҳии пойтахт низ фаъолона кор мебарад.

– Яке аз лоиҳаҳои ҷолиби солҳои охир роҳандозии хатсайрҳои мавсимии сайёҳии RED BUS TOUR мебошад. То чӣ андоза ин таҷриба натиҷа дод?

– Таҷрибаи аксари шаҳрҳои сайёҳии ҷаҳон нишон медиҳад, ки автобусҳои сайёҳӣ имрӯз танҳо воситаи нақлиёт нестанд, балки як қисми маҳсулоти сайёҳӣ ва муаррифии шаҳр мебошанд. Мо низ ҳангоми таҳияи ин лоиҳа аз ҳамин таҷриба истифода бурдем.

RED BUS TOUR ба меҳмонон ва сокинони пойтахт имкон медиҳад, ки дар як хатсайри муайян бо муҳимтарин мавзеъҳои таърихӣ, фарҳангӣ, меъморӣ ва фароғатии Душанбе шинос шаванд. Ин шакли хизматрасонӣ махсусан барои сайёҳоне, ки бори аввал ба шаҳр меоянд, бисёр мувофиқ аст.

Дар баробари ин, чунин хатсайрҳо ба ташаккули фарҳанги нави сайёҳии шаҳрӣ низ мусоидат мекунанд. Мо мехоҳем ҳар нафаре, ки ба Душанбе меояд, тавонад дар муддати кӯтоҳ симои воқеии пойтахтро бубинад, бо таърихи он ошно шавад ва таассуроти нек бардорад.

Бо назардошти натиҷаҳои бадастомада, мо ният дорем минбаъд шумораи хатсайрҳо, барномаҳои мавзуӣ ва хизматрасонии иловагиро тадриҷан густариш диҳем.

– Дар замони муосир шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои рақамӣ ба яке аз воситаҳои асосии муаррифии самтҳои сайёҳӣ табдил ёфтаанд. Раёсати рушди сайёҳии шаҳри Душанбе барои тарғибу ташвиқи имкониятҳои сайёҳии пойтахт дар фазои рақамӣ кадом иқдомҳоро амалӣ менамояд?

– Имрӯз рушди сайёҳӣ бидуни истифодаи имкониятҳои рақамӣ ва воситаҳои муосири иттилоотӣ тасаввурнопазир аст. Сайёҳи имрӯза пеш аз интихоби макони сафар пеш аз ҳама ба интернет, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои рақамӣ муроҷиат мекунад. Аз ин рӯ, муаррифии дурусти имкониятҳои сайёҳӣ дар фазои маҷозӣ яке аз самтҳои муҳими фаъолияти Раёсати рушди сайёҳии шаҳри Душанбе ба ҳисоб меравад.

Бо ин мақсад, саҳифаҳои расмии Раёсат дар шабакаҳои иҷтимоии Facebook, Instagram, Threads, X (Twitter), TikTok, Telegram ва YouTube фаъол мебошанд. Тавассути ин платформаҳо мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ, имкониятҳои сайёҳӣ ва фароғатии пойтахт, чорабиниҳои байналмилалӣ, хатсайрҳои сайёҳӣ, навгониҳои соҳа ва дигар маводи иттилоотию тарғиботӣ мунтазам ба аудиторияи васеъ пешниҳод мегарданд.

Мақсади асосии мо аз фаъолият дар шабакаҳои иҷтимоӣ танҳо паҳн намудани иттилоот нест. Мо талош менамоем, ки тавассути муҳтавои босифати визуалӣ ва иттилоотӣ симои воқеии Душанбе — ҳамчун шаҳри муосир, сабз, амн, дорои таърихи ғанӣ ва фарҳанги меҳмоннавозиро ба сокинони кишвар ва ҷомеаи байналмилалӣ муаррифӣ намоем.

Дар баробари ин, барои ташкили манбаи ягонаи иттилоотӣ оид ба имкониятҳои сайёҳии пойтахт портали сайёҳии Dushanbe-travel роҳандозӣ шудааст. Портал барои меҳмонон ва сокинон имконият фароҳам меорад, ки дар бораи мавзеъҳои сайёҳӣ, хатсайрҳо, чорабиниҳо, хизматрасониҳо ва имкониятҳои истироҳату фароғатии Душанбе маълумоти зарурӣ дастрас намоянд.

Мо бовар дорем, ки дар шароити имрӯза тарғиби рақамӣ яке аз омилҳои муҳими рақобатпазирии шаҳрҳои сайёҳӣ мебошад. Аз ҳамин лиҳоз, Раёсат минбаъд низ истифодаи васеи технологияҳои иттилоотӣ ва платформаҳои рақамиро барои муаррифии Душанбе ҳамчун самти ҷолиби сайёҳӣ идома хоҳад дод.

– Дар баробари ҷалби сайёҳони хориҷӣ, рушди сайёҳии дохилӣ низ яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин самт кадом ташаббусҳо амалӣ мешаванд?

– Бисёр саволи ба маврид. Мо бар он назарем, ки рушди сайёҳии дохилӣ асоси рушди устувори тамоми соҳа мебошад. Агар шаҳрвандони худи кишвар имкониятҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва табиии Тоҷикистонро хуб бишносанд, онҳо беҳтарин муаррифгари Ватани худ хоҳанд буд.

Бояд ба таваҷҷуҳи Шумо расонам, ки бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе соли равон барномаи хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ барои кормандони сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ роҳандозӣ гардид, ки то моҳи октябри соли 2026 идома меёбад.

Дар доираи ин барнома иштирокчиён аллакай ба шаҳру ноҳияҳои дорои имкониятҳои сайёҳӣ, аз ҷумла Рашту Нуробод, Норак, Балҷувон ва Ховалинг сафар намуда, бо ёдгориҳои таърихӣ, мавзеъҳои табиӣ, инфрасохтори сайёҳӣ ва фарҳанги маҳаллӣ аз наздик шинос шуданд.

Мо чунин мешуморем, ки ин гуна ташаббусҳо на танҳо ба рушди сайёҳии дохилӣ, балки ба баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, эҳтиром ба мероси миллӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти фаъол низ мусоидат мекунанд.

– Имрӯз дар ҷаҳон шаҳрҳо барои ҷалби сайёҳон рақобати ҷиддӣ доранд. Ба андешаи Шумо, Душанбе бо кадом паём метавонад таваҷҷуҳи меҳмонони хориҷиро ба худ ҷалб намояд?

– Душанбе, пеш аз ҳама, шаҳри меҳмоннавозист. Ин шаҳрест, ки меҳмон худро дар он озод, амн ва ором эҳсос мекунад.

Дар баробари ин, пойтахт имрӯз дорои инфрасохтори муосир, боғҳои зебо, осорхонаҳо, марказҳои фарҳангӣ, меҳмонхонаҳои ҷавобгӯ ба талаботи байналмилалӣ ва муҳити мусоиди шаҳрӣ мебошад. Ҳамаи ин барои рушди сайёҳӣ заминаи устувор фароҳам меорад.

Аммо муҳимтарин сарвати мо на танҳо иншоот, балки фарҳанги меҳмоннавозии мардуми тоҷик аст.

Бовар дорам, ки маҳз ҳамин меҳрубонӣ ва самимият дар хотири ҳар як меҳмон бештар аз ҳама нақш мебандад.

Мавзуна УБАЙДУЛЛОЗОДА,
«Паёми Душанбе»

13/08/2026