Дар идомаи татбиқи барномаи хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ 15 ва 16 август барои кормандони сохторҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хатсайри сайёҳии Душанбе – Данғара – Восеъ - Кӯлоб – Муъминобод ташкил карда шуд.
Дар доираи хатсайр кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва сохторҳои он аз як қатор мавзеъҳои муҳими таърихиву фарҳангӣ, осорхонаҳо ва маконҳои ҷолиби сайёҳии ноҳияҳои Данғара, Восеъ, шаҳри Кӯлоб ва ноҳияи Муъминобод боздид намуданд.
Нахуст иштирокчиён ба ноҳияи Данғара сафар намуда, аз Қасри фарҳанг дидан карданд. Дар ин ҷо онҳо бо фаъолияти муассисаи фарҳангӣ, шароити фароҳамовардашуда барои баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ, рушди ҳунару эҷодиёти мардумӣ ва тарғиби арзишҳои миллӣ шинос шуданд.
Таъкид гардид, ки рушди инфрасохтори фарҳангӣ дар баробари аҳамияти иҷтимоӣ барои ҷалби меҳмонон ва рушди сайёҳии фарҳангӣ низ мусоидат менамояд.
Сипас иштирокчиён аз Осорхонаи Пешвои миллат дар ноҳияи Данғара боздид намуда, бо осори марбут ба ҳаёт ва фаъолияти давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шинос шуданд.
Дар осорхона иштирокчиён аз толорҳои намоишӣ гузашта, маводу ҳуҷҷатҳо ва дигар нигораҳои ба фаъолияти сиёсиву давлатии Пешвои миллат бахшидашударо тамошо карданд.
Дар идома иштирокчиён дар ноҳияи Восеъ аз Қалъаи Ҳулбук ва осорхонаи он дидан намуданд. Ин ёдгории бостонӣ аз ҷумлаи мавзеъҳои муҳими таърихии минтақа ба шумор рафта, аз таърихи шаҳрсозӣ, фарҳанг ва тамаддуни гузаштагони тоҷик дарак медиҳад. Зимни боздид иштирокчиён бо бозёфтҳои бостоншиносӣ, осори таърихӣ ва маълумоти марбут ба зиндагӣ ва фарҳанги сокинони ин маркази қадима шинос шуданд.
Мавҷудияти чунин ёдгориҳои таърихӣ барои рушди сайёҳии фарҳангӣ ва маърифатӣ имконияти мусоид фароҳам оварда, таваҷҷуҳи меҳмононро ба таърихи куҳан ва мероси ғании фарҳангии Тоҷикистон ҷалб менамояд.
Дар ноҳияи Восеъ иштирокчиён аз ҳавзи Қайнар боздид намуда, бо хусусиятҳои табиӣ ва муҳити зебоманзари ин мавзеъ шинос шуданд. Боздид аз чунин мавзеъҳо барои иштирокчиён имконият фароҳам овард, ки бо захираҳои табиӣ ва имконияти рушди сайёҳии экологӣ ва истироҳатӣ дар минтақа аз наздик ошно гарданд.
Дар идомаи хатсайр иштирокчиён ба ноҳияи Муъминобод сафар намуда, аз Осорхонаи таъриху кишваршиносии ноҳия боздид карданд. Дар осорхона ба онҳо оид ба таърихи ноҳия, зиндагӣ ва рӯзгори мардум, анъанаҳои миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва дигар ҷанбаҳои таърихиву фарҳангии минтақа маълумот пешниҳод гардид. Шиносоӣ бо нигораҳои осорхона ба иштирокчиён имкон дод, ки дар бораи гузашта ва фарҳанги мардуми ин минтақа маълумоти бештар пайдо намоянд.
Яке аз бахшҳои ҷолиби хатсайр боздид аз мавзеи машҳури Чилдухтарон буд. Иштирокчиён бо табиати зебо, кӯҳҳои сарбафалаккашида ва манзараҳои дилфиреби ин гӯшаи кишвар шинос шуда, дар доираи барномаи сафар дар кӯҳҳои Чилдухтарон пиёдагардӣ анҷом доданд. Ин қисми барнома барои тарғиби сайёҳии пиёдагардӣ, кӯҳгардӣ ва тарзи ҳаёти фаъол мусоидат намуд.
Дар мавзеи Чилдухтарон инчунин барномаи фарҳангӣ ташкил карда шуд, ки ба сафар руҳияи идона бахшид. Иштирокчиён дар фазои табиати кӯҳистон аз барномаи фарҳангӣ баҳравар шуда, бо анъанаҳо ва муҳити фарҳангии минтақа аз наздик ошно гардиданд.
Иштирокчиён аз Кохи сайёҳии «Қадамҷойи Пешвои миллат» низ боздид намуданд. Ин макони сайёҳӣ аз як манораи муҳташам иборат буда, аз болои он тамошои манзараҳои зебо ва табиати дилфиреби минтақа имконпазир аст. Аз ин ҷо иштирокчиён тавонистанд паҳнои мавзеи хушманзари Чилдухтарон ва кӯҳсору водиҳои атрофро тамошо намуда, аз табиати нотакрори ин гӯшаи мамлакат баҳравар гарданд.
Дар атрофи макон ниҳолҳои мевадиҳандаву сояафкан шинонида шуда, гулу буттаҳои ҳамешасабз ба ин мавзеъ ҳусну таровати хос бахшидаанд. Ободонӣ ва кабудизоркунии ҳудуди он дар баробари фароҳам овардани шароити мусоид барои истироҳат, ҷолибияти сайёҳии ин маконро низ бештар намуда, онро ба яке аз мавзеъҳои диданбоби ноҳия табдил додааст.
Хатсайри сайёҳӣ ба шаҳри бостонии Кӯлоб идома ёфт. Иштирокчиён аз мақбараи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва осорхонаи он боздид карданд. Ин маҷмаа яке аз марказҳои муҳими таърихиву фарҳангӣ ва зиёратии Тоҷикистон маҳсуб шуда, ба ҳаёт ва мероси донишманд, ориф ва мутафаккири барҷастаи Шарқ Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ пайванд дорад.
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ маҷмааи оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ чанд маротиба таъмиру барқарор гардидааст, ки ба ҳифз ва муаррифии мероси фарҳангии кишвар мусоидат намудааст. Зимни боздид иштирокчиён бо нигораҳо ва маълумоти таърихии марбут ба зиндагӣ, фаъолияти илмӣ ва мероси маънавии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ шинос шуданд.
Баъдан онҳо аз Осорхонаи 2700-солагии шаҳри Кӯлоб дидан намуда, бо таърихи чандинҳазорсолаи шаҳр, бозёфтҳои бостоншиносӣ ва марҳилаҳои гуногуни рушди фарҳангиву иҷтимоии ин минтақа ошно гардиданд. Ҷашни 2700-солагии шаҳри Кӯлоб аз ҷумлаи рӯйдодҳои муҳими фарҳангии кишвар ба ҳисоб меравад ва дар доираи омодагӣ ба он маҷмааҳои фарҳангӣ ва иншооти зиёде дар шаҳр бунёду обод карда шуданд.
Дар ҷараёни боздидҳо иштирокчиён дар осорхонаҳои Данғара, Кӯлоб ва Муъминобод дар дафтарҳои хотира ёддоштҳо навишта, таассуроти худро аз шиносоӣ бо мероси таърихиву фарҳангии ин минтақаҳо баён намуданд.
Бояд зикр намуд, ки хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ барои кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва сохторҳои он бо мақсади рушди сайёҳии дохилӣ, муаррифии имконияти бойи таърихиву фарҳангӣ ва табиии мамлакат, тарғиби тарзи ҳаёти солим, таҳкими ҳисси ватандӯстӣ ва баланд бардоштани маърифати сайёҳии шаҳрвандон роҳандозӣ гардидаанд.
Татбиқи ин иқдом дар асоси дастури Раиси шаҳри Душанбе ва бо мақсади иҷрои супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди сайёҳии дохилӣ ба роҳ монда шуда, дар доираи он кормандони мақомоти шаҳр аз мавзеъҳои муҳими таърихӣ, фарҳангӣ ва сайёҳии минтақаҳои гуногуни мамлакат боздид менамоянд.