Баргузори ҷаласаи Кумитаи тадорукоти «Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе»

13/08/2025

Имрӯз таҳти роҳбарии муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Бахтиёр Шарифӣ ҷаласаи Кумитаи тадорукот оид ба омодагӣ ба баргузор намудани «Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе (Dushanbe International Tourism Exhibition — DITE)»-2025 баргузор гардид.

Дар кори ҷаласа муовинони Раиси шаҳри Душанбе, роҳбарони сохторҳои дахлдори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, роҳбарону намояндагони вазорату идораҳо, ширкатҳои сайёҳӣ ва дигар сохторҳои масъул иштирок намуданд.

Зимни ҷаласа масъалаҳои марбут ба омодагии ҳамаҷониба ва дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор намудани DITE-2025 мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ба масъулон ҷиҳати иҷрои саривақтии нақшаи чорабиниҳо ва ҳамоҳангсозии фаъолияти сохторҳои дахлдор дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд.

Таъкид гардид, ки «Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе — DITE» яке аз чорабиниҳои муҳими байналмилалӣ дар соҳаи сайёҳии кишвар ба ҳисоб меравад ва баргузор гардидани он имкони муҳайё сохтани шароити муфид барои муаррифии иқтидорҳои сайёҳии Тоҷикистон ва густариши ҳамкории байналмилалиро фароҳам меорад.

Ёдовар мешавем, ки дуюмин «Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе (DITE)» бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ аз 18 то 20 сентябри соли 2025 гузаронида мешавад. Чорабинӣ бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз ҷониби ширкати сайёҳии «Сомон Трэвел» бо ҷалби шарикони рушд ташкил ва гузаронида мешавад.

Дар DITE-2025 иштироки зиёда аз 200 субъекти хизматрасонии соҳаи сайёҳии Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷӣ, инчунин ташрифи зиёда аз 400 меҳмон аз давлатҳои дуру наздик пешбинӣ гардидааст.

Бо мақсади дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор намудани намоишгоҳ, 7 июли соли 2025 қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе ба имзо расида, Нақшаи чорабиниҳо ва ҳайати Кумитаи тадорукот тасдиқ гардид.

Ҳадаф аз баргузории Намоишгоҳ рушди соҳаи сайёҳӣ, ташкили бозори сайёҳии минтақа дар шаҳри Душанбе, муаррифии иқтидори бойи табиӣ, сайёҳиву фарҳангӣ ва табобатию солимгардонии кишвар,  омӯзиши таҷрибаи пешқадам, ҷалби сармоягузориҳои мустақими хориҷӣ, тадбиқи лоиҳаҳои сайёҳӣ, таҳкими ҳамкории соҳавӣ ва бародаршаҳрӣ, рушди шарикӣ бо субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ ва дар ин замина таҳияи стратегияҳои муштараки сайёҳӣ ба шумор меравад.

Дар доираи чорабинӣ, субъектҳои хизматрасонии сайёҳии Тоҷикистон, минтақа ва ҷаҳон, аз ҷумла бародаршаҳрҳо ва шаҳрҳои шарики шаҳри Душанбе, ширкатҳои сайёҳӣ, ҳавопаймоӣ, меҳмонхонаҳо, тарабхонаҳо, муассисаҳои табобативу солимгардонӣ, фарҳангиву таърихӣ ва фароғатӣ иштирок менамоянд. Барои иштирокчиён ва меҳмонон мулоқотҳои корӣ дар шакли B2B, ба имзо расонидани санадҳои нави ҳамкорӣ, инчунин машғулиятҳои омӯзишӣ оид ба хизматрасонӣ дар тарабхонаҳо, меҳмонхонаҳо ва роҳбаладӣ доир карда мешаванд.

Ҳамоҳангсози асосии баргузории DITE-2025 шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе мебошад.

Бояд тазаккур дод, ки нахустин «Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе» бо ташаббуси Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ рӯзҳои 25–27 сентябри соли 2024 дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор гардида буд.

13/08/2025