Ташкили хатсайри сайёҳӣ барои итирокчиён ва меҳмонони Экспедитсияи байналмилалии «Саёҳат ба қалби Авруосиё - 2025»

23/07/2025

Имрӯз бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои итирокчиён ва меҳмонони Экспедитсияи байналмилалии «Саёҳат ба қалби Авруосиё - 2025» хатсайри сайёҳӣ ташкил карда шуд.

Ҳайати Экспедитсияи байналмилалии «Саёҳат ба қалби Авруосиё - 2025», ки аз намояндагони воситаҳои ахбори омма, блогерон ва донишҷӯён аз 5 давлати Авруосиё – Тоҷикистон, Федератсияи Русия, Узбекистон, Қазоқистон ва Қирғизистон иборат мебошад, аз 20 июл дар шаҳри Душанбе қарор дорад.

Бо мақсади муаррифии имконияту иқтидори сайёҳии пойтахти кишвар 23 июл боздиди меҳмонону иштирокчиёни Экспедитсияи байналмилалии «Саёҳат ба қалби Авруосиё-2025» аз мавзеъҳои таърихиву фарҳангӣ  ва сайёҳии шаҳри Душанбе ташкил гардид.

Дар доираи хатсайр аз ҷониби роҳбаладон вобаста ба имкониятҳои сайёҳии шаҳри Душанбе маълумоти муфассал пешниҳод карда шуд.

Хатсайри сайёҳӣ аз назди Майдони 80-солагии Москва, назди Театри опера ва балети ба номи С.Айнӣ оғоз гардида, иштирокчиён аз Кохи Наврӯз, Майдони Истиқлол ва Осорхонаи таърихии Душанбе (Маҷмааи Истиқлол) дидан намуданд.

Маврид ба зикр аст, ки Экспедитсияи байналмилалии «Саёҳат ба қалби Авруосиё» давоми 45 рӯз беш аз 8000 километр роҳро тай намуда,  аз шаҳрҳои бузурги Федератсияи Русия (Москва, Владимир, Арзамас, Чебоксарӣ, Қазон, Набережни Челнӣ, Уфа, Оренбург), Ҷумҳурии Қазоқистон (Актобе, Аралск, Байконур, Қизилорда, Туркистон, Шимкент, Тараз, Алмато), Ҷумҳурии Қирғизистон (Қарокӯл, Бишкек, Ҷалолобод, Ӯш), Ҷумҳурии Узбекистон (Намангон, Тошканд, Самарқанд, Бухоро) ва Ҷумҳурии Тоҷикистон — Исфара, Хуҷанд, Истаравшан, Шаҳристон ва Панҷакент гузашта, ба Душанбе расид.

23/07/2025