Муаррифии портали сайёҳӣ ва саҳифаҳои расмии DUSHANBE.TRAVEL

03/09/2025

Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе имрӯз, 3 сентябр дар толори IT Park Dushanbe маросими рӯнамоии портали сайёҳии шаҳри Душанбе ва саҳифаҳои расмии шуъбаи рушди сайёҳӣ таҳти унвони DUSHANBE.TRAVEL баргузор шуд.

Дар чорабинӣ муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода, роҳбарияти Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони сохторҳои дахлдори шаҳрдорӣ ва ноҳияҳои пойтахт, инчунин намояндагони ВАО ва фаъолони шабакаҳои иҷтимоӣ иштирок карданд.

Таъкид гардид, ки портали сайёҳии шаҳри Душанбе — www.dushanbe-travel.tj бо ҷалби мутахассисони соҳаи технологияҳои иттилоотӣ таъсис дода шуда, ҳадафи он рушди соҳаи сайёҳӣ, муаррифии инфрасохтору имкониятҳои сайёҳии пойтахт, бозтоб додани фарҳангу тамаддуни миллӣ дар арсаи байналмилалӣ ва ҷалби бештари сайёҳон мебошад. Дар портал харитаи электронии мавзеъҳо, роликҳои тарғиботӣ, аксҳои маконҳои зебо, маълумот оид ба иншооти сайёҳӣ, фарҳангӣ ва таърихии шаҳр бо се забон — тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ — ҷой дода шудааст.

Ҳамзамон саҳифаҳои расмии DUSHANBE.TRAVEL дар шабакаҳои иҷтимоӣ — Facebook, Instagram, VKontakte, Threads, TikTok ва Telegram — фаъолият доранд, ки дар онҳо доир ба имкониятҳои сайёҳии Душанбе, чорабиниҳои фарҳангиву фароғатӣ ва дигар навгониҳо маълумоти доимӣ нашр мешавад.

Айни ҳол саҳифаи Facebook зиёда аз 15 500 обуначӣ дошта, ҳар моҳ то 1 миллион тамошобинро фаро мегирад. Саҳифаи Instagram бошад, зиёда аз 103 000 обуначӣ дорад, ки 35%-и онҳо шаҳрвандони хориҷӣ мебошанд. Танҳо тамошобини роликҳои кутоҳи нашршуда дар ин шабакаи иҷтимоӣ то ба 1,5 миллион нафар мерасад ва шумораи умумии диданҳо дар як моҳ то 5 миллион нафарро ташкил медиҳад.

Дар ин саҳифаҳо ҳамарӯза аксҳо ва видеороликҳои тарғиботӣ оид ба мавзеъҳои ҷолиби пойтахт нашр мешаванд. Танҳо дар давоми соли равон беш аз 4100 акс ва 320 видеоролик ба таври густурда интишор ёфтаанд.

Ин иқдом воситаи муассири муаррифии имкониятҳои сайёҳии Душанбе буда, ҳамзамон заминаи муҳими рушди сайёҳии рақамӣ, ҷалби сармоягузорӣ ва густариши ҳамкории судманд бо ширкатҳои байналмилалӣ ба шумор меравад. Бо истифода аз технологияи муосир имконият фароҳам мешавад, ки хизматрасонӣ барои сайёҳон шаффоф, дастрас ва мутобиқ ба талаботи ҷаҳонӣ гардад.

03/09/2025