Дар Душанбе омодагӣ ба Форуми байналмилалии сармоягузории «Dushanbe Invest – 2025» идома дорад

05/09/2025

Имрӯз дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе таҳти роҳбарии муовини Раиси шаҳр Абдураҳмон Абдураҳмонзода ҷаласаи Кумитаи тадорукот баргузор шуд.

Дар ҷаласа масъалаҳои омодагӣ ба баргузории бахши шаҳри Душанбе дар доираи Форуми байналмилалии сармоягузории «Dushanbe Invest – 2025» мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Форум, ки моҳи октябр дар пойтахти Тоҷикистон доир мегардад, имконияти нодир барои муаррифии захираҳои иқтисодӣ, сайёҳӣ ва сармоягузории Душанбе хоҳад буд. 

05/09/2025