Шоми имрӯз дар Майдони Истиқлол барномаи бошукуҳи консертӣ ба муносибати таҷлили 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар оғози чорабинӣ муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Бахтиёр Шарифӣ суханронӣ намуда, паёми табрикии Раиси шаҳр муҳтарам Рустами Эмомалиро ба сокинон ва меҳмонони пойтахт ироа намуд.
Таъкид карда шуд, ки даврони Истиқлолият барои Тоҷикистон имконияти воқеӣ фароҳам овард, то роҳи пешрафти минбаъдаи кишвар ба сӯи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб гардад. Истиқлолият ҳамчун рамзи олӣ барои давлат ва миллат ба таҳкими меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ мусоидат карда, шарафу эътибори Тоҷикистони соҳибистиқлолро дар арсаи байналмилалӣ устувор намуд.
Дар идома, ҳунармандони маъруфи кишвар бо иҷрои таронаҳои ватандӯстона ва барномаҳои рангин ба ҷашн руҳи идона бахшиданд.
Қисми хотимавии чорабинӣ бо мушакпарронии бошукуҳ, ки осмони пойтахтро зеб бахшид, анҷом ёфт.