Ифтитоҳи Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2025 – 2025

18/09/2025

Имрӯз дар Маркази байналмилалии намоишгоҳии Душанбе (Dushanbe Expo) Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе (Dushanbe International Tourism Exhibition, DITE) - 2025 расман ифтитоҳ гардид, ки то 20 сентябр идома меёбад.

Чорабинӣ бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва дастгирии Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Ширкати сайёҳии «Сомон Трэвел» ва дигар шарикони рушд ташкил карда шудааст.

Дар маросими ифтитоҳи он роҳбарон ва намояндагони сохторҳои давлатӣ, шарикони байналмилалӣ ва зиёда аз 200 ширкати хизматрасони соҳаи сайёҳӣ аз Тоҷикистон ва кишварҳои ҷаҳон иштирок намуданд.

Чорабинӣ бо сухани ифтитоҳии муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар Раҳим оғоз ёфт. Ӯ аз номи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ меҳмононро хайрамақдам гуфта, таъкид намуд, ки баргузории чунин намоишгоҳҳо ба рушди устувори соҳаи сайёҳӣ, муаррифии иқтидори бойи табиӣ, фарҳангӣ ва таърихии кишвар ва таҳкими ҳамкории байналмилалӣ мусоидат менамоянд.

Дар идома Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумахонзода Ҷамшед Ҷурахон, Вазири сайёҳии Черногория ва Раиси Комиссияи сайёҳии Созмони Милали Муттаҳид оид ба Аврупо хонум Симонида Кордич, муовини якуми Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Анваров Насим Наимович ва Директори ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» Абдулқосим Валиев низ суханронӣ намуда, аҳамияти ташкил ва баргузории чунин намоишгоҳи муҳташамро барои рушди соҳаи сайёҳӣ таъкид карданд.

Гуфта шуд, ки ин намоишгоҳ имконияти сайёҳӣ ва инфрасохтори кишварро муаррифӣ намуда, ҷалби сайёҳон ва сармояҳои хориҷиро афзоиш медиҳад.

Ҳамзамон таъкид гардид, ки баргузор шудани чунин чорабиниҳо ҳамкории байналмилалиро тақвият дода, барои рушди сайёҳии дохилӣ ва байналмилалӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.

Пас аз маросими расмии ифтитоҳ меҳмонон бо имконияту зарфиятҳо ва молу хизматрасонии ширкатҳои иштирокчӣ шинос шуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар DITE-2025 зиёда аз 200 ширкат, аз ҷумла 65 ширкати хориҷӣ иштирок доранд. Ширкатҳои хориҷӣ асосан аз Олмон, Британияи Кабир, Русия, Туркия, Аморати Муттаҳидаи Араб, Арабистони Саудӣ, ИМА, Эрон, Покистон, Баҳрайн, Узбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Туркманистон, Яман, Сурия ва Мароко мебошанд.

Ширкатҳои сайёҳӣ, ҳавопаймоӣ, меҳмонхонаҳо, муассисаҳои табобатию солимгардонӣ, марказҳои фарҳангиву фароғатӣ ва истеҳсолкунандагони маҳсулоти армуғонӣ имконияту хизматрасониҳои худро дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе муаррифӣ мекунанд.

Дар доираи чорабинӣ вохӯриҳо дар шакли B2B ва баимзорасонии санадҳои нави ҳамкорӣ низ пешбинӣ гардидаанд.

Бояд тазаккур дод, ки мақсад аз баргузории намоишгоҳи мазкур рушди соҳаи сайёҳӣ, ташкили бозори сайёҳии минтақа дар шаҳри Душанбе, муаррифии иқтидори бойи табиӣ, сайёҳиву фарҳангӣ ва табобатию солимгардонии мамлакат,  омӯзиши таҷрибаи пешқадам, ҷалби сармоягузории мустақими хориҷӣ, татбиқи лоиҳаҳои сайёҳӣ, таҳкими ҳамкории соҳавӣ ва бародаршаҳрӣ, рушди шарикӣ бо субъектҳои хизматрасони сайёҳӣ ва дар ин замина таҳияи стратегияҳои муштараки сайёҳӣ ба шумор меравад.

Ёдовар мешавем, ки нахустин  «Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе» («Dushanbe International Tourism Exhibition» (DITE) бо ташаббуси Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ 25-27 сентябри соли 2024 дар сатҳи баланди ташкилӣ ва тадорукотӣ баргузор карда шуд. Дар он 20 ширкати хориҷӣ аз 16 шаҳрҳои давлатҳои хориҷӣ ва 90 ширкати ватанӣ иштирок карда, маҳсулот ва химатрасонии худро муаррифӣ намуда буданд.

Баргузории чунин намоишгоҳҳо яке аз роҳҳои самараноки ҷалби сайёҳони хориҷӣ ва сармояи мустақим ба мамлакат, инчунин беҳтар пешкаш намудани хизматрасонӣ буда, барои тавсеаи ҳамкорӣ байни шаҳрҳо ва пойтахтҳо, субъектҳои хизматрасони соҳаи сайёҳӣ ва доираҳои манфиатдор заминаи мусоид фароҳам меорад.

Лозим ба таъкид аст, ки намоишгоҳҳои бузурги сайёҳӣ дар аксар кишварҳои олам ҳамасола ташкил гардида, дар онҳо зиёда аз 5000 ширкати марбут ба соҳаи сайёҳӣ аз давлатҳои ҷаҳон иштирок ва маҳсулоти худро муаррифӣ менамоянд.

Тасмим гирифта шудааст, ки Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе ҳамасола дар доираи таҷлили Рӯзи умумиҷаҳонии сайёҳӣ дар пойтахти кишвар баргузор карда шавад.

18/09/2025