Мулоқоти муовинони Раиси шаҳри Душанбе бо мудиромили Созмони минтақаи озоди Киши Ҷумҳурии Исломии Эрон

19/09/2025

Имрӯз дар доираи дуюмин Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе муовинони Раиси шаҳри Душанбе Меҳриддин Тоирзода ва Раҳмиддин Саломзода бо ҳайати Созмони минтақаи озоди Киши Ҷумҳурии Исломии Эрон таҳти роҳбарии мудиромили Созмон Муҳаммади Кабирӣ мулоқот анҷом доданд.

Зимни мулоқот масъалаҳои густариши ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ, табодули таҷриба байни ширкатҳои сайёҳӣ ва ташкили Рӯзҳои фарҳанги шаҳри Душанбе дар Ҷазираи Киш ва Ҷазираи Киш  дар шаҳри Душанбе баррасӣ гардид.

Таъкид карда шуд, ки сафари ҳайати Созмони минтақаи озоди Киш ба пойтахти Тоҷикистон ба таҳкими муносибатҳои рӯ ба рушди Тоҷикистон ва Эрон  мусоидат менамояд.

Ҳамчунин изҳор гардид, ки иштирок ва ҳузури намояндагони Ҷумҳурии Исломии Эрон дар дуюмин Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе, ки дар он беш аз 200 ширкати байналмилалӣ маҳсулоту хизматрасонии худро ба маъраз гузоштааст, қадами муҳим дар самти тақвияти робитаҳои ду давлат мебошад.

Тарафҳо изҳори боварӣ карданд, ки бо азми муштарак метавон муносибатҳои дорои решаҳои муштараки таърихию фарҳангиро бо натиҷаҳои назаррас рушд бахшид.

Дар фарҷом аз номи роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҳайати Созмони минтақаи озоди Киши Ҷумҳурии Исломии Эрон барои иштирок дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе Инвест-2025», ки 14-16 октябри соли 2025 дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад, даъват карда шуд.

Дар мулоқот мудири шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Дилшоди Ҷамшед низ иштирок дошт.

Ёдовар мешавем, ки дуюмин Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе 18 сентбяр оғоз гардида, то 20 сентябр идома меёбад.

19/09/2025