Дар доираи DITE-2025 ҷаласаи панелӣ ва дарси маҳорат оид ба рушди сайёҳӣ баргузор шуданд

19/09/2025

Дар доираи дуюмин Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе (DITE-2025) барои намояндагон ва ҳайати хизматрасони меҳмонхонаҳо, тарабхонаҳо ва бахши сайёҳӣ ҷаласаи панелӣ ва дарси маҳорат (мастер-классҳо) ташкил гардиданд, ки ба омода намудани кадрҳо, истифодаи воситаҳои рақамӣ барои пешбурди сайёҳӣ ва шиносоӣ бо равандҳои муосири рушди соҳа нигаронида шуда буданд.

Ҷаласаи панелӣ таҳти унвони «Сайёҳӣ 2030: назари коршиносон ва муколамаи соҳа» баргузор шуд.

Дар он директор ва роҳбари фурӯш дар соҳаи меҳмонхонаҳои люкс Александра Казакова дар мавзуи «Чӣ тавр метавон захираҳои инсониро ба талаботи сайёҳии оянда омода кард», муассис ва директори ширкати «Numa Tourism» Даля Алтантеппе дар мавзуи «Нақши сафирони сайёҳӣ дар кишварҳои Роҳи Абрешим», сармуҳаррири маҷаллаи «Travel + Leisure Central Asia» Барно Икрамова дар мавзуи «Кадом мегатрендҳои глобалӣ рушди сайёҳиро то соли 2030 муайян мекунанд ва афзалиятҳои сайёҳон чӣ гуна тағйир меёбанд: кадом омилҳо — бароҳатӣ, дастрасӣ, устуворӣ ё таҷрибаҳои беназир — муҳимтар хоҳанд буд» ва директори генералии Маркази васоити нави ахбор Ярослав Шевелев дар мавзуи «Чӣ гуна рақобатпазирӣ байни кишварҳо барои ҷалби сайёҳон ва сармояҳо то соли 2030 тағйир меёбанд: кадом тадбирҳоро мебояд кишварҳои Роҳи Абрешим андешанд?».

Ҳамчунин Умедчон Саидов дар мавзуи «Сайёҳии варзишӣ: дипломатияе, ки муттаҳид менамояд» ва узви фаъоли Ҷамъияти масъулияти маҳдуди «Дав ТҶ» Исфандиёр Кодирзода дар мавзуи «Чӣ гуна сайёҳии варзишӣ метавонад ба рушди робитаҳои дипломатӣ байни кишварҳо ва халқҳо мусоидат намояд? Кадом мисолҳои чорабиниҳои калони варзишӣ дар тақвияти нуфузи байналмилалӣ ва сайёҳии кишвар самараи муассир нишон додаанд?».

Дарси маҳорат таҳти унвони «Воситаҳои рақамӣ барои пешбурди сайёҳӣ» баргузор гардид.

Хуршед Маҳмадов, CEO ва директори генералии ширкати «Rahmat Travel», самараноктарин воситаҳои рақамиро барои пешбурди сайёҳӣ, аз ҷумла шабакаҳои иҷтимоӣ, маркетплейсҳои онлайнӣ ва барномаҳои мобилиро баррасӣ карда, тағйирёбии рафтори сайёҳонро дар шароити рақамигардонӣ таҳлил намуд.

Зинҳор Насрӣ, директори техникии ҶДММ «Навҷу», дар бораи аҳамияти муҳтаво (видео, сторителлинг, блогҳо ва турҳои виртуалӣ) барои ҷалби таваҷҷуҳ ба самтҳои сайёҳӣ, нақши майдонҳои байналмилалӣ (Booking, Airbnb, TripAdvisor) ва роҳҳои рақобат бо онҳо барои лоиҳаҳои маҳаллӣ сухан гуфт.

Сахра Аманова, муассис ва директори оператори Сайёҳии «Eshretli Sayahat» (Туркманистон) дар мавзуи «Нақши сафирони сайёҳӣ дар кишварҳои Роҳи Абрешим» табодули андеша намуда, барои тақвияти таъсиргузории онҳо ташаббусҳои муштарак пешниҳод намуд.

Аҳмад Балала, медиамашваратчӣ дар «Cromex Group» дар бораи аҳамияти технологияҳои рақамӣ ва майдонҳои онлайнӣ барои рушди сайёҳӣ ва ҷалби сармояҳо сухан гуфт.

Ҳамчунин қайд кардан муҳим аст, ки чорабиниҳои DITE-2025 барои иштирокдорон имконияти ба даст овардани дониши муосир, мубодилаи таҷриба бо коршиносони байналмилалӣ ва баррасии дурнамоҳои рушди соҳаи сайёҳиро дар минтақа фароҳам оварданд.

Ёдовар мешавем, ки дуюмин Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе (DITE-2025) 18 сентябр ифтитоҳ гардид ва то 20 сентябр идома хоҳад ёфт.

19/09/2025