Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ 27 сентябри соли равон барои меҳмонон ва сокинони пойтахт хатсайри ройгони сайёҳии «City Tour» ташкил карда мешавад.
Ҳадаф аз ташкили хатсайри сайёҳӣ рушди соҳаи сайёҳӣ, шиносоӣ бо таъриху фарҳанг, маконҳои ҷолибу диданӣ ва рушди робитаҳои дустӣ байни миллатҳо, инчунин ҷалби таваҷҷуҳи сайёҳони хориҷӣ ба шаҳри Душанбе мебошад.
Дар доираи хатсайр аз ҷониби роҳбаладон (бо назардошти аудитория бо забонҳои давлатӣ, русӣ ва англисӣ) доир ба имкониятҳои сайёҳии шаҳри Душанбе маълумоти мушаххас дода мешавад ва барои болидахотирии иштирокчиён бо ҷалби ҳунармандон мусиқии зинда пешкаш мегардад.
«Сокинону меҳмонон имкон доранд тавассути саҳифаҳои шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар Фейсбук (Dushanbe-travel), Инстаграм (dushanbe.travel), Телеграмм (dushanbe.travel) ва Tik Tok (dushanbe.travel), почтаи электронӣ: rushdi.sayohi@gmail.com ва шахси масъули тамос: 2231829; 917370707; 003881616 (тариқи WhatsApp, Telegram) номнавис намоянд ва аз хатсайри сайёҳии «City Tour» ройгон истифода баранд».
Ёдовар мешавем, ки аз соли 1979 инҷониб дар ҷаҳон ҳамасола 27 сентябр Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ таҷлил гардида, беш аз 47 сол мешавад, ки он дар аксар давлатҳои ҷаҳон ҷашн гирифта мешавад.
Макони ҷамъшавӣ: назди Муҷассамаи Шоҳ Исмоили Сомонӣ.
Сана ва вақти баргузорӣ: 27 сентябр, соати 19:00 – 20:30