Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ шоми имрӯз барои меҳмонон ва сокинони пойтахт хатсайри ройгони сайёҳии «City Tour» ташкил карда шуд.
Аз ин хатсайри ройгон зиёда аз 200 нафар, аз ҷумла донишҷӯёни донишгоҳу колеҷҳо, сокинону меҳмонони дохилӣ ва хориҷӣ истифода намуданд. Иштирокчиён бо се автобуси дуқабата тавассути хиёбонҳои гулрези пойтахт сайри Душанбе намуда, аз манзараҳои зебо ва пешрафту ободии шаҳр баҳра бурданд.
Зимни хатсайр роҳбаладон вобаста ба фарогирии иштирокчиён бо забонҳои давлатӣ, русӣ ва англисӣ доир ба таъриху фарҳанг, маконҳои таърихию фарҳангӣ ва имкониятҳои сайёҳии пойтахт маълумоти муфассал пешкаш карданд.
Ҳамзамон барои болидахотирии иштирокчиён ҳунармандон бо мусиқии зинда фазои идона фароҳам оварданд.
Ҳадафи ташкили чунин хатсайри ройгон рушди соҳаи сайёҳӣ, шиносоӣ бо маконҳои ҷолибу диданӣ ва таърихию фарҳангии пойтахт ва ҷалби таваҷҷуҳи бештари сайёҳони хориҷӣ ба шаҳри Душанбе мебошад.
Ёдовар мешавем, ки аз соли 1979 инҷониб ҳамасола 27 сентябр ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ таҷлил мегардад ва беш аз 47 сол аст, ки ин сана дар аксар кишварҳои ҷаҳон ҷашн гирифта мешавад.