ЭЪЛОН! Озмуни аксҳо таҳти унвони «Душанбе – шаҳри гулҳо ва зебоӣ»

11/10/2025

Шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе тавассути саҳифаҳои расмии худ дар шабакаҳои иҷтимоии «Facebook» (Dushanbe-travel) ва «Instagram» (Dushanbe.travel) озмуни аксҳо таҳти унвони «ДУШАНБЕ – ШАҲРИ ГУЛҲО ВА ЗЕБОӢ»  эълон менамояд.

Ҳадафи озмун тарғибу ташвиқи иқтидору имконияти сайёҳӣ, муҳити зебо, гулзори кӯчаю хиёбонҳо ва боғу гулгаштҳои пойтахти азизамон – шаҳри Душанбе мебошад.

Дар озмун сокинони касбу кори гуногуни шаҳри Душанбе, меҳмонон, дӯстдорони ҳунари аксбардорӣ ва шахсони ҳаваскор ё касбӣ, ки истифодабарандаи фаъоли шабакаҳои иҷтимоии «Facebook» ва «Instagram» мебошанд, иштирок карда метавонанд.

Аксҳои гирифташуда бояд зебоии кӯчаҳо, хиёбонҳо ва боғу гулгаштҳои пойтахтро инъикос кунанд.

Ҳар иштирокчӣ аксҳои гирифтаашро бояд дар саҳифаҳои худ дар шабакаҳои иҷтимоии болозикр бо шарҳи кутоҳ ва ишора кардани саҳифаҳои Dushanbe.travel (бо хештеги #dushanbe.travel ва таги @dushanbe.travel) ҷой намояд.

Муҳлати озмун то 25 октябри соли 2025 мебошад.

Ғолибони озмун бо ҷоизаҳои зерин қадрдонӣ карда мешаванд:

«Facebook»

* Ҷойи аввал – Корти ройгони 3-моҳа Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обӣ дар Душанбе

* Ҷойи дуюм – 3-рӯза истироҳат дар Осоишгоҳи Шоҳамбарӣ

* Ҷойи сеюм – Хӯроки шом бо дӯстон дар яке аз тарабхонаҳои пойтахт (барои 4 нафар)

«Instagram»

* Ҷойи аввал – Корти ройгони 3-моҳа Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обӣ дар Душанбе

* Ҷойи дуюм – 3-рӯза истироҳат дар Осоишгоҳи Шоҳамбарӣ

* Ҷойи сеюм – Хӯроки шом бо дӯстон дар яке аз тарабхонаҳои пойтахт (барои 4 нафар)

Ғолибон тавассути хадамоти «Random» -  онлайн муайян карда мешаванд.

Бо аксҳои зебои гирифтаи худ метавонед дар муаррифии пойтахти гулпӯш ва меҳмоннавозамон саҳм гузоред!

11/10/2025