Бо ташаббуси шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе 19 октябри соли равон хатсайри сайёҳии «Сайри Меҳргон» ройгон ташкил карда мешавад.
Ҳадаф аз ташкили хатсайри сайёҳӣ рушди соҳаи сайёҳӣ, ташаккул ва муаррифии бренди миллии сайёҳӣ, маркетинг ва пешбурди маҳсулоти соҳаи сайёҳӣ, ҳифз, инкишоф ва истифодаи оқилонаи захираҳои таърихию фарҳангӣ дар доираи таҷлили Ҷашни Меҳргон арзёбӣ мегардад.
Хатсайри сайёҳии «Сайри Меҳргон» бо ҷалби намоянадагони корпуси дипломатӣ, донишҷӯёни хориҷии муассисаҳои таҳсилоти олии ҳудуди шаҳри Душанбе, меҳмонони пойтахт, сайёҳони хориҷии ширкатҳои сайёҳӣ, инчунин намояндагони воситаҳои ахбори омма баргузор мегардад.
Дар доираи хатсайр роҳбаладон бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба иштирокчиён доир ба имконияти сайёҳии шаҳри Душанбе ва моҳияти Ҷашни Меҳргон маълумоти мушаххас пешниҳод менамоянд. Ба иштирокчиёни хатсайри мазкур обҳои нушокӣ, шириниҳо ва хурокҳои миллӣ пешкаш мегардад.
Дар доираи таҷлили «Иди Меҳргон» баргузории «Фестивал-намоиши маҳсулот ва техникаи кишоварзӣ», «Фестивали занбӯрпарварон, намоиш ва фурӯши асал», «Иди тарбузу харбуза ва каду», «Иди себ ва ангур», «Фестивали оши палов», инчунин «Намоиш ва фурӯши шолӣ ва биринҷ» дар назар аст.
Вазорату идораҳои ҷумҳурӣ ва ширкатҳои сайёҳӣ имкон доранд иштироки меҳмонону сайёҳони худро дар хатсайри сайёҳии «Сайри Меҳргон» тавассути саҳифаҳои расмии шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар Фейсбук (Dushanbe-travel), Инстаграм (dushanbe.travel), Телеграмм (dushanbe.travel) ва Tik Tok (dushanbe.travel), почтаи электронӣ: rushdi.sayohi@gmail.com ва шахси масъули тамос: 2231829; 917370707; 003881616 (тариқи WhatsApp, Telegram) номнавис намоянд ва аз хатсайри мазкур ройгон истифода баранд.
Ҷамъшавии иштирокдорон соати 8:00-и рӯзи 19 октябри соли 2025 дар назди Муҷассамаи Шоҳ Исмоили Сомонӣ ба нақша гирифта шуда, ҳаракат соати 8:30 ба макони таҷлили Ҷашни Меҳргон – Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ пешбинӣ гардидааст.
Лозим ба ёдоварӣ аст, ки ҷашнҳои миллӣ, бахусус Наврӯз, Сада, Тиргон ва Меҳргон - метавонанд барои муаррифии таъриху фарҳанг, урфу одат, имконияти сайёҳии кишвар ва ҷалби бештари сайёҳони хориҷӣ ҳамчун бренди миллии сайёҳӣ хизмат намоянд.