Боғи кӯдакони шаҳри Душанбе соли 1951 таъсис ёфта, масоҳати он 2,9 гектар мебошад ва тибқи қарори раиси шаҳри Душанбе аз 7 сентябри соли 2014, №425 боғ ба тавозуни муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» гузаронида шуд.
Шумораи воҳидҳои кории муассиса мувофиқи ҷадвал 7 нафарро ташкил дода, шумораи кормандони фаъолияткунанда 7 нафар мебошад, ки аз ин шумора 1 нафар бо маълумоти олии тахассусӣ ва 6 нафар бо маълумоти миёнаи умумӣ фаъолият доранд. Аз ин теъдод 3 нафар мардон ва 4 нафар занон мебошанд.
Дар ҳудуди боғ дарвозаи афсонавӣ бо баландии 10 метр, фаввораҳо бо андозаи 20х10 метр, ҳайкалчаҳои афсонавӣ, майдончаи варзишӣ бо масоҳати 540 метри мураббаъ, мизи шоҳмот бо андозаи 15,6х13,2 метр, 2 адад пергола дар шакли арка барои равшаннамоии гуногуншакл, 7 адад чароғҳои баландпояи 12 метра, 26 адад чароғҳои 9 метра, 120 адад чароғҳои рангоранги 5 метра ва чароғҳои ороишӣ (подвестка) барои равшаннамоии биною дарахтон, 21 арғунчаку ҳавопаймо ва бозиҳои гуногуни кӯдакона, 70 курсиҳои нишаст, 1 дастгоҳи тақвияти овоз бо 16 садобарор (калонка) мавҷуданд.
Давоми соли 2018 ва семоҳаи аввали соли 2019 корҳои ободониву кабудизоркунӣ вусъати тоза ёфта, гирду атрофи боғ тозаю озода нигоҳ дошта шудааст. Дар ҳудуди боғ 941 бех дарахту ниҳолҳои сояафкану ороишӣ, аз ҷумла 20 адад липа, 20 магнолия сюзан, 20 каштан, 45 слива вуди, 12 магнолия стебел, 26 берёза, 130 можавелник, 196 туя смараг, 60 туя нанаи тиллоранг, 15 магнолияи ҳамешасабз, 21 сосна сливестри, 39 туя, 10 рябина, 10 каталпа, 20 можавелник скал, 10 сирен, 20 туя колоновидная ва 11 тюльпанное дерево шинонида шудааст. Таввораҳои иҳотавии боғ ба дарозии 420 метр бо ниҳолҳои ҳамешасабзи туя иҳота карда шудаанд.
Дар ҳудуди боғ Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе», нуқтаҳои фурӯши хӯрокҳои тезтайёр, қаҳвахонаи тобистона амал мекунанд.
Дар дохили боғ амфитеатр барои 420 ҷойи нишаст дар майдони 680м2 бо саҳнаи баргузории чорабиниҳо ва майдончаи рақсӣ сохта шудааст.
Ташрифи шаҳрвандону меҳмонон, хусусан хориҷиён ҳамарӯза аз 2000 то 3000 нафарро ташкил медиҳад.
Ҷиҳати таъмини амният ва бехатарӣ дар ҳудуди боғ 30 камераҳои назоратӣ насб шудааст, ки аз 2 монитор назорат карда мешавад.
Барои риояи қоидаҳои бехатарии зиддисӯхтор дар ҳудуди муассиса нуқтаҳои сӯхторхомӯшкунӣ бо таҷҳизоти зарурӣ гузошта шудааст.
Бо назардошти навбунёд будан муассиса барои таъмиру тармим ба нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда нашудааст.
Қобили зикр аст, ки ба муносибати ҷашну санаҳои таърихию фарҳангӣ дар амфитеатри боғ чорабиниҳои фарҳангиву фароғатӣ ва илмию маърифатӣ доир карда мешаванд.