Боғи фарҳангӣ – фароғатии "Кӯли ҷавонон"


Муассисаи давлатии “Боғи фарҳангӣ – фароғатии “Кӯли ҷавонон” бо қарори Кумитаи Иҷроияи Шўрои Депутатҳои халқии шаҳри Душанбе аз 6 июни соли 1934, №310 таъсис дода шуда, масоҳати он 2,51 га мебошад.

Муассисаи мазкур баъди пурра азнавсозӣ шуданаш 28 августи соли 2018 аз ҷониби Призиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода супорида шудааст.

Дар муассисаи зикргардида мувофиқи басти воҳидҳои корӣ 30 нафар буда, аз он ҷумла 20 мард ва 10 занон фаъолият доранд.

Муассиса дорои сертификати ҳуқуқи истифодабарии замин (№8216, аз 4 майи соли 2013) мебошад.

Ҷиҳати бунёдкорӣ ва ободонӣ дар давоми соли 2018 ва се моҳаи аввали соли 2019 як қатор тадбирҳо роҳандозӣ карда шудаанд. Шинонидани дарахтони сояафкан ва ороишӣ, гулҳои мавсимӣ ва бисёрсола шинонида шудааст.