Боғи фарҳангӣ – фароғатии ба номи А. Мироненко


Боғи фарҳангӣ – фароғатии ба номи А. Мироненко  дар масоҳати  љойгир мебошад ва аз тарафи Прокуротураи генералии Љумҳурии Тољикистон азнавсозӣ шудааст. Боғи мазкур дар тавозуни Прокуротураи генералӣ буда, танҳо нигоҳубини он ба зимаи мақомоти иљроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино гузошта шудааст.

Боғ сертификати ҳуқуқи истифодабарии замин ва шаҳодатномаи техникӣ надорад. Шумораи умумии кормандони боғ аз тарафи Прократураи генералӣ танҳо 2 нафар боғбонро ташкил медиҳад ва аз тарафи муассисаи давлатии “Нигоҳдошти боғу гулгашт, майдончаҳои варзишӣ ва бозии кўдакон”-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе нигоҳубин карда мешавад.

Ҷиҳати бунёдкорӣ ва ободонӣ давоми солҳои 2018 ва се моҳаи аввали соли 2019 дар боғи номбурда аз тарафи муассисаи давлатии “Нигоҳдошти боғу гулгашт, майдончаҳои варзишӣ ва бозии кӯдакон”-и ноҳия  100 бех дарахти  сояафкани аморфа ва 150 бех дарахти ороишии санавбар  шинонида шудааст.

Дар боғи мазкур 4 камераи мушоҳидавӣ насб гардидааст, вале сипари бехатарӣ аз сухтор таљҳизонида нашудааст.