Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ» бо қарори раиси шаҳри Душанбе аз 20 майи соли 2014, №221 таъсис ёфта, масоҳати он 37,66 гектар мебошад ва дар тавозуни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе қарор дорад.
Шумораи воҳидҳои кории муассиса мувофиқи ҷадвал 242 нафарро ташкил дода, шумораи кормандони фаъолияткунанда 121 нафар мебошад, ки аз ин шумора 10 нафар бо маълумоти олии тахассусӣ, 26 нафар олии умумӣ, 9 нафар миёнаи махсус ва 76 нафар бо маълумоти миёнаи умумӣ фаъолият доранд. Аз ин теъдод 93 нафар мардон ва 28 нафар занон мебошанд.
Дар ҳудуди боғ 21 адад фаввораҳо, 1 шаршара бо баландии 22 метр, 224 курсиҳои нишаст, 6 шоҳсуфаи чӯбии кандакорӣ, 2 аттраксион, 1 лимпопо, 6 нақлиёти хизматрасон, 1 дастгоҳи тақвияти овоз бо 22 садобарор (динамик) мавҷуданд.
Давоми соли 2018 дар ҳудуди боғ 2063 бех дарахтони сояафкан, ороишӣ ва мевадиҳанда шинонида шуд, ки аз ин шумора 1474 бех дарахтони хориҷӣ мебошад. Инчунин, 400 адад гулҳои садбарги хориҷӣ, 27 620 гули лола, 2011 гулҳои бисёрсола, 5000 гулҳои мавсимӣ шинонида шуда, дар майдони 10га замин чаманзорҳои нав бунёд шуда, 105 000 қаламчаи садбарг шинонида шуд. Дар семоҳаи аввали имсол бошад ба миқдори 655 бех дарахтони сояафкану ороишӣ ва мевадиҳанда, 210 адад гули садбарг ва 42 420 адад гулҳои мавсимӣ шинонида шуданд.
Дар ҳудуди боғ Раёсати сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳри Душанбе, тарабхона барои 150 нафар, қаҳвахона, ошхона ва нуқтаҳои фурӯши яхмосу обҳои нӯшокӣ фаъолият мекунанд.
Дар дохили боғ майдони «Наврӯзгоҳ» барои 11 192 ҷойи нишаст ва майдони аспдавонӣ мавҷуд аст, ки аз утоқҳои корию хизматрасонӣ, корхонаи дӯзандагӣ ва саҳнаи баргузории чорабиниҳо иборат мебошад.
Ҷиҳати таъмини амният ва бехатарӣ дар ҳудуди боғ 55 камераҳои назоратӣ насб шудааст.
Барои риояи қоидаҳои бехатарии зиддисӯхтор дар ҳудуди муассиса 5 адад нуқтаҳои зиддисӯхторӣ бо таҷҳизоти зарурӣ гузошта шудааст.
Қобили зикр аст, ки ба муносибати ҷашну санаҳои таърихию фарҳангӣ дар ҳудуди боғ чорабиниҳои фарҳангиву фароғатӣ ва илмию маърифатӣ доир карда мешаванд.