Муассисаи давлатии «Боғи Парчами миллӣ» бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 августи соли 2013, №1470 таъсис ёфта, масоҳати он 16 гектар мебошад ва дар тавозуни Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.
Шумораи воҳидҳои кории муассиса мувофиқи ҷадвал 112 нафарро ташкил дода, шумораи кормандони фаъолияткунанда 91 нафар мебошад, ки аз ин шумора 9 нафар бо маълумоти олии тахассусӣ, 14 нафар олии умумӣ, 7 нафар миёнаи махсус ва 61 нафар бо маълумоти миёнаи умумӣ фаъолият доранд. Аз ин теъдод 66 нафар мардон ва 25 нафар занон мебошанд. Айни ҳол 20 адад ҷойи кори холӣ (вакант) мавҷуд аст.
Дар ҳудуди боғ 4 мошини хизматрасонии голф, 6 қаиқ, 7 майдончаи варзишӣ, 15 фаввора, 103 курсиҳои нишаст, 127 қуттии партов, 2 лимпопо, 2 тарозуи зарбазан, 1 чархак, 582 чароғакҳо, 2 нуқтаи радиошунавонӣ, 13 муҷассамаҳои шоирон, шоҳону сарлашкарони таърихии халқи тоҷик, аз қабили Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Исмоили Сомонӣ, Шоҳ Ҷамшед, Восеъ, Куруши Кабир, Канишка, Виштосп, Хушнавоз, Абӯмуслим, Маҳмуди Торобӣ, Султон Ғиёсиддини Ғурӣ, Яъқуби Лайси Саффорӣ ва 1 ҳайкали уқоби паррон мавҷуд мебошанд.
Давоми соли 2018 ва семоҳаи аввали соли 2019 ҷиҳати корҳои ободониву бунёдкорӣ тадбирҳои судманд андешида шуда, 1130 бех дарахтони мевадиҳанда, ороишию сояафкан, 15 000 бех гулҳои садбарги бисёрсола, 60 000 қаламчаи садбарг, 110 000 гулҳои мавсимӣ, 25 000 гули лола шинонида шуда, дар масоҳати 3800м2 майдони майсазор ташкил карда шудааст.
Барои афзоиши дарахту буттаҳо ва гулҳои мавсимӣ 150 тонна поруҳои минералию органикӣ, аз қабили карбамид, селитра ва суперфосфат истифода шудааст. Ҳамзамон, 10 чароғҳои баландпояи 10-метра насб гардида, аркаҳо дар масоҳати 380м2, амфитеатр дар масоҳати 41м2, кӯпруки чӯбин дар масоҳати 70м2, роҳравҳо дар масоҳати 350м2, ҳавз дар масоҳати 1200м2, мизу курсиҳои нишаст ва қуттиҳои партов таъмиру рангубор гардиданд. Инчунин, барои васли 6 чароғҳои баландпояи 10-метра, таъмири роҳравҳо дар масоҳати 250м2, панҷараҳои атрофи боғ дар масоҳати 1170м2 дархост пешниҳод шудааст.
Дар ҳудуди боғ муассисаи давлатии «Осорхонаи миллии Тоҷикистон», 3 қаҳвахона, 2 нуқтаи фурӯши яхмосу обҳои ташнашикан амал мекунанд.
Дар дохили боғ амфитеатр дар масоҳати 1048м2 сохта шудааст, ки дорои саҳнаи баргузории чорабиниҳо ва майдончаи рақсӣ мебошад.
Ҷиҳати таъмини амният ва бехатарӣ дар ҳудуди боғ 11 камераҳои назоратӣ насб шудааст.
Барои риояи қоидаҳои бехатарии зиддисӯхтор дар ҳудуди муассиса 3 нуқтаҳои сӯхторхомӯшкунӣ бо таҷҳизоти зарурӣ гузошта шудааст.
Қобили зикр аст, ки ба муносибати ҷашну санаҳои таърихию фарҳангӣ дар амфитеатр ва назди сутунпояи баландтарин Парчами миллӣ чорабиниҳои фарҳангиву фароғатӣ ва илмию маърифатӣ доир карда мешаванд.