Боғи фароғатии “Роҳи оҳанчиён”


Боғи фароғатии “Роҳи оҳанчиён” зерсохтори КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” буда, дар масоҳати 2,52 гектар замин ҷойгир шудааст. Дар боғ 22 нафар корманд фаъолият мекунанд.

Дар ҳудуди боғ асосан дарахтони сояафкан ва мевадиҳанда парвариш гардида, майдони боғ пуррас сабзазор карда шудааст.

Барои фароғати сокинон 15 ҷойи нишаст, 1 фаввора, нахустин паравози ба Тоҷикистон воридшуда ва 4 лавҳа ташкил шудааст.

Бинобар зерсохторӣ будани боғ дар он майдончаҳои бозии кўдакона ва дигар намуди аттраксионҳо насб нагардидааст. Барои истироҳату фароғати сокинони гирду атроф истифодаи боғи мазкур ройгон мебошад.