Боғи фарҳангӣ–фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ


Муассисаи давлатии «Боғи фарҳангӣ–фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ» бо қарори Комитети иҷроияи совети депутатҳои меҳнаткашони шаҳри Душанбе аз 21 апрели соли 1960, №152 таъсис ёфта, масоҳати он 16,24 гектар мебошад ва алҳол дар тавозуни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ қарор дорад.

Боғ соли 2017 таъмиру азнавсозӣ гардида, дубора ба фаъолият шуруъ намуд.

Шумораи воҳидҳои кории муассиса мувофиқи ҷадвал 136 нафарро ташкил дода, шумораи кормандони фаъолияткунанда 107 нафар мебошад, ки аз ин 11 нафар бо маълумоти олии тахассусӣ, 9 нафар олии умумӣ, 11 нафар миёнаи махсус ва 76 нафар бо маълумоти миёнаи умумӣ фаъолият доранд. Аз ин теъдод 43 нафар мардон ва 64 нафар занон мебошанд. Айни ҳол 5 воҳиди корӣ холӣ мебошад.

Дар ҳудуди боғ майдони бозиҳои кӯдакона бо номи «Дунёи афсона» амал мекунад, ки дар он 20 аттраксион мувофиқи синну соли кӯдакон ва 15 ҳайкали ҳайвоноти нодир, инчунин, аз тарафи соҳибкорон 5 лимпопо насб карда шудааст. Ҳамзамон, 1 дастгоҳи тақвияти овоз бо 50 баландгӯяк, 9 фаввора, 1 муҷассама ва мақбараи устод Садриддин Айнӣ, 1 шоҳсуфаи чӯбии кандакорӣ, 2 шоҳсуфаи оҳанӣ, 441 чароғҳои равшанидиҳанда, 211 чароғҳои баландпоя, 230 торшер, 180 лампа дар зинапояҳо, 120 лампа дар мақбараю дарвозаҳо, 141 курсиҳои нишаст, 141 қуттиҳои партов, 2 майдончаи варзишӣ ва барои машқу тамрини шаҳрвандон 32 лавозимоти варзишӣ мавҷуданд.

Давоми соли 2018 корҳои ободониву кабудизоркунӣ вусъати тоза ёфта, гирду атрофи боғ тозаю озода нигоҳ дошта шудааст. Аз ҷумла 10 000 бех ниҳоли гули садбарги бисёрсола, 15 000 бех решапиёзаки гули лола, 153 000 бех гулҳои колус, вербения, салвия, тагес, гвоздика, питуния, 286 бех дарахтони сояафкан, 2070 бех дарахтони ороишӣ, 199 бех дарахтони мевадиҳанда, 361 бех дарахтони аз хориҷи кишвар воридшуда ва 257 бех буттагиҳо шинонида шуданд.

Дар семоҳаи аввали соли 2019 зери 2500 бех ниҳолҳо нарм карда шуда, 120 бех дарахтон бо усули қайчизанӣ оро дода шудаанд. Дар масоҳати 600 м2 майса кишт шуда, ҷуйборҳо ба масофаи 1300 метри тӯлонӣ тоза карда шудаанд. Дар ҳудуди боғ 137 510 гулҳои гуногун, 4082 бех дарахту буттаҳо, аз ҷумла 39 200 гули садбарг, 72 000 гули лола, 26 310 гулҳои мавсимӣ, 130 адад дарахтони сояафкан, 3499 дарахтони ороишӣ, 358 дарахтони мевадиҳанда, 95 адад буттагиҳо шинонида шуданд. 7500 м2 замин барои шинонидани гулҳои мавсимии тобистона ва бисёрсола нарм ва омода карда шудааст, инчунин, 800 м2 деворчаҳои бетонии таваққуфгоҳ ва роҳи мошингард, инчунин зинапояҳо, деворҳои амфитеатр ва шифти даромадгоҳ таъмиру рангубор карда шуданд.

Дар дохили боғ амфитеатр барои 1604 ҷойи нишаст дар майдони 2540м2 сохта шудааст, ки он аз утоқҳои хизматрасонӣ ва саҳнаи баргузории чорабиниҳо иборат мебошад.

Дар семоҳаи аввали соли 2019 ба ҳудуди боғ зиёда аз 40 000 нафар шаҳрвандону меҳмонон ворид шудаанд, ки 3620 нафарашон шаҳрвандони хориҷӣ мебошанд.

Ҷиҳати таъмини амният ва бехатарӣ дар ҳудуди боғ 80 камераҳои назоратӣ насб шудааст, ки аз 6 монитор назорат карда мешавад.

Барои риояи қоидаҳои бехатарии зиддисӯхтор дар ҳудуди муассиса 6 адад нуқтаҳои сӯхторхомӯшкунӣ бо дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ гузошта шуда, дар атрофи боғ 30 адад тахтачаҳои огоҳкунанда насб шудааст.

Бо назардошти навбунёд будан муассиса барои таъмиру тармим ба нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда нашудааст.

Қобили зикр аст, ки ба муносибати ҷашну санаҳои таърихию фарҳангӣ дар амфитеатри боғ чорабиниҳои фарҳангиву фароғатӣ ва илмию маърифатӣ доир карда мешаванд.