Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Абулқосими Фирдавсӣ


Муассисаи давлатии “Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Абулқосими Фирдавсӣ” соли 1973 таъсис ёфта, ҳамчун боғи фарҳангии “Дӯстии халқҳо” то соли 2017 фаъолият намудааст. Бо қарори раиси шаҳри Душанбе аз 7 ноябри соли 2017, №665 ба азнавсозии боғи мазкур иҷозат шуда, корҳои таҷдиду азнавсозӣ оғоз ва моҳи сентябри соли 2018 боғ пурра азнавсозӣ гардидаст ва бо қарори раиси шаҳри Душанбе аз 4 сентябри соли 2018, №600 ба муассисаи давлатии “Боғи фарҳангу фароғати ба номи Абулқосими Фирдавсӣ” табдил дода шудааст. 5 сентябри соли 2018 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор гирифтааст.

Масоҳати умумии боғ 29,2 гектарро ташкил дода, аз он 5,9 гектар ҳавзи дохили боғ, 19 гектар майсазору гулзор, 41000 метри квадратӣ роҳравҳои марказӣ  ва қисматҳои шарқию ғарбӣ мебошанд.

Дар ҳудуди боғ 7 соҳибкори ватанӣ дар асоси шартнома фаъолият намуда, барои истироҳати сокинону меҳмонони пойтахт шароит фароҳам овардаанд. Аз ҷумла, дар ҳудуди боғ 15 аттраксионҳои замонавӣ, роллердром, 30 катамаран, 64 курсии нишаст, 2 фаввора, 1 майдончаи бозии кӯдакон, 1 тарабхона, 1 майдони скейтбозӣ, 1 майдончаи хурди футбол, майдончаи тенниси рӯимизӣ, 1 корти теннис ва 2 таваққуфгоҳи нақлиётӣ барои сокинону меҳмонон хизмат мекунад.

Боғ пурра ба низоми муосири обёрикунӣ муҷаҳҳаз гардонида шуда, дарозии қубурҳои он 60,000 метрро ташкил медиҳад.

Дар боғи мазкур 7899 дарахтони гуногуни сояафкан парвариш карда мешавад, ки аз он 1431 баъди таҷдид шинонида шудааст. Инчунин, ҷиҳати зебогӣ 150,000 пиёзаки гули лола, 52,605 бех гули садбарг ва 270,000 бех гулҳои мавсимӣ шинонида шудааст.

Барои фароғати сокинони дар ҳудуди боғ баландгӯякҳо насб гардида, радиоҳои давлатӣ ба таври мустақим садо медиҳанд. Инчунин, ҷиҳати таъмини амният ва бехатарӣ 60 камераҳои назоратӣ ва 5 нуқтаи мушоҳидавии “Шаҳри бехатар” дар ҳудуди боғ пайваст карда шудааст.

Теъдоди умумии кормандон 79 нафарро ташкил дода, аз онҳо 42 нафар мард ва 37 нафар зан мебошанд.

Дар ҳудуди боғ бо дастгирии Пешвои миллат театри тобистона (амфитеатр) бо 1500 ҷойи нишаст бунёд гарида, 20 апрели соли 2019 ба муносибати Рӯзи пойтахт мавриди истифодабарӣ қарор гирифт.